Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори зидди маҳалгароии мансабдорони тоҷик ба иҷро даромад. САДО


Ҳангоми ироаи паёми солонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ва мардум. 22 декабри соли 2016
Ҳангоми ироаи паёми солонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ва мардум. 22 декабри соли 2016

Дар Тоҷикистон санаде ба иҷро даромад, ки мансабдорони ниҳодҳои давлатии санҷиширо муваззаф мекунад, ба "миллатгароӣ", "маҳалгароӣ" ва "хешутаборбозӣ" роҳ надиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳоло 31 сохтори давлатӣ аз ҳаққи тафтиши соҳибкорон, ширкатҳои хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ бархӯрдоранд. Бисёре аз соҳибкорон мегӯянд, ки санҷишҳои зиёд ба рӯҳия ва ҷараёни кори онҳо таъсир гузошта, гоҳе боис ба дилшикастагӣ мешавад.

Давлати Тоҷикистон солҳост, талош дорад, шумораи идораҳои санҷиширо коҳиш дода, дахолати бемавриди мансабдоронро ба умури тиҷорат коҳиш диҳад.

Мансабдорон муваззаф шуданд, ки бо забони адабӣ гап зананд

Санади нав "Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ" ном дошта, бо қарори ҳукумат ва имзои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст. Ин кодекс аз 5 боб иборат аст ва шурӯъ аз рафтору одоб то фарҳанги суханронӣ ва муносибати шахсони мансабдорро ба тӯҳфаҳо танзим мекунад Барои мисол, дар мавриди рафтори мансабдорон дар боби 2-и кодекс гуфта шудааст, "шахси мансабдор рафтор ва эҳсосоти худро назорат намуда, нагузорад, ки майл ё бадбинии шахсӣ... ба қабули қарор таъсир намояд".

Кодекси одоби мансабдорони тоҷик ба иҷро даромад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00
Линки мустақим

Дар ҳоле ки бисёре аз шаҳрвандон аз забони дағал ва лаҳҷавии бисёре аз мақомдорон шиква мекунанд, ин кодекс донистан ва бо забони адабии тоҷикӣ сухан рондани мансабдоронро яке аз вазифаҳои онҳо донистааст.

Кӣ ҳаққи гирифтани тӯҳфаҳоро дорад?

Дар ин санад, ки нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ қарор дорад, гуфта мешавад, "дар нутқи шахси мансабдор набояд суханҳое, ки ҳамчун таҳқири гурӯҳҳои муайяншудаи иҷтимоӣ ва ё маҳаллу миллатҳои алоҳида истифода мешавад, набояд ҷой дошта бошад". Пас аз бандҳои фарҳангу рафтор ин кодекс ба масъалаи муносибати мансабдорон ба туҳфаҳо низ дахл мекунад. Ҳадаф аз ин банд муқовимат бо фасод ва нигоҳ доштани беғаразии шахси мансабдор ҳангоми санҷиш будааст.

Боби чоруми кодекс мансабдорони мақомоти санҷиширо аз гирифтани тӯҳфаҳо, мукофот, ифтихорнома маҳрум мекунад. Меҳмондорӣ ва ё муносибати хешутабории мансабдор низ бинобар муқаррароти ин кодекс набояд ба натиҷаи санҷиш таъсиргузор бошад.

Дар сурати нақзи кодекс чӣ ҷазо хоҳанд дид?

Бинобар қарори ҳукумати Тоҷикистон ваколати назорати иҷрои ин кодекс бар дӯши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вогузор шудааст. То замони нашри ин матлаб масъулони ин кумита ба суолҳои Радиои Озодӣ дар робита ба чунучарои иҷрои ин кодекс аз сӯи мансабдорон посухе нагуфтанд. Инчунин, маълум нест, дар сурати вайрон кардани муқаррароти ин кодекс мансабдорон чӣ гуна ҷазо хоҳанд дид.

Ин аст, ки аксарияти соҳибкорон, моликону идораву ширкатҳо ба иҷро шудани муқаррароти ин кодекс аз сӯи мансабдорон бо шубҳа менигаранд.

Санҷиш ё меҳмонӣ?

Cоҳибкорон мегӯянд, мақомоти санҷишӣ бо ҳар баҳона зуд-зуд ба “хабаргирии” онҳо омада ва дар ин давра кори ширкат ба ҳам мезанад. Муним Салимов, молики як корхонаи истеҳсоли қуттӣ дар шимоли Тоҷикистон, рӯзи 16 март гуфт, беш аз ҳама кормандони андоз ба тафтиши корхона меоянд. Ӯ гуфт, “кормандонашон асосан ҷавононад, ки нозукиҳои кори истеҳсолии моро умуман намефаҳманд. Баъдан ҳоло нозирони андоз салоҳиятҳои бисёреро ба худ гирифтаанд ва бидуни ҳукми додгоҳ метавонанд, суратҳисоби ширкатро бибанданд, дари корхонаро муҳр гузоранд. Пештар ин кор бо ҳукми суд сурат мегирифт. Аммо ҳоло бо хости худи кормандони андоз ин кор сурат мегирад.”

Бархе аз соҳибкорони дигар аз зуд-зуд сурат гирифтани санҷишҳо бо ҳар баҳона шиква мекунанд. Рустам Ҷалолзода, соҳибкори дигар мегӯяд, ҳарчанд тибқи қонун санҷишҳо бояд дар ду сол як бор сурат гиранд, вале дар асл санҷишҳо аз ин ҳам бештаранд. “Ҳар санҷиш, албатта, ин даводав ва ташвиши зиёдатӣ аст, ки ба кори корхона халал ворид мекунад”, - афзуд ӯ.

Як шӯрои ҳамоҳангсоз ташкил шудааст

Давлати Тоҷикистон солҳост, талош дорад, шумораи идораҳои санҷиширо коҳиш дода, дахолати бемавриди мансабдоронро ба умури тиҷорат коҳиш диҳад. Ба ин хотир дар Тоҷикистон ҳоло як шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таъсис ёфтааст, ки рӯйхати идораву ширкатҳои мавриди санҷишро тасдиқ мекунад. Мақомот мегӯянд, пас аз ба кор пардохтани ин шӯро шумораи санҷишҳо ду баробар коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG