Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ба номи Президент савганд ёд мекунам, ки...” (2 ВИДЕО)


Дар Тоҷикистон шеваи шурӯъ ба кор барои ҳамаи ҳафдаҳ вазиру раисони кумитаҳои давлатӣ тағйир ёфт – аз ин баъд онҳо муваззафанд, ки ба номи сарвари давлат савганд ёд кунанд.

Баъди дарёфти амри раисиҷумҳур ва қабл аз нишастан ба курсии воло шахси мансабдор бояд ба номи раисиҷумҳур савганд ёд кунад. Ин нукта ба қонуни конститутсионии “Дар бораи Ҳукумат” ворид шудааст, ки матни онро рӯзи 25-уми июл нашрияҳои расмӣ чоп карданд.

“Ҳамчун аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф намуда, Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя мекунам, адолат ва қонуниятро сарчашмаи фаъолияти худ қарор дода ба хотири дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани шӯҳрати ватанам софдилона хизмат менамоям”.

Тартиби савганд ёд кардан ба зудӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон муқаррар мешавад.

Таҳлилгарон мегӯяд, ки бо ҳатмӣ шудани савганд ба раисиҷумҳур принсипи интихоби кадрҳо аз рӯи садоқат ба президентро бештар тақвият медиҳад.

“БА БАЪЗЕҲО ҲАТТО “ҚУРЪОН” ТАЪСИР НАМЕКУНАД!”

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, роҳбари маркази таҳлилии “Индем”,мегӯяд, ки ҳадафи муқаррароти нав, албатта, бештар кардани садоқатмандии мансабдорон ба сарвари давлат аст, вале гумон аст, ки самар бидиҳад. “Таҷрибаи қасам хурдан ё савганд ёд кардан ба ин ё он роҳбар нав нест, аммо ҳатмӣ кардани савгандёдкунӣ дар Тоҷикистон ягон мушкил, аз ҷумла, мушкили содиқӣ ба раҳбари кишварро ҳал карда наметавонад”, мегӯяд таҳлилгари тоҷик.

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён
Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Ӯ меафзояд, таърих гувоҳ аст, онҳое ки даст ба табадуллот задаанд ваё ба шоҳ хиёнат кардаанд, маъмулан аз дохили дарбор ё аз давру бари худи шоҳ буданд, яъне ҳеҷ гуна қасаму савганди садоқат давлату салтанатро аз ин гуна ашхос эмин нигоҳ намедорад”.

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён мегӯяд, аз ин пеш дар Тоҷикистон таҷрибаи ғайрирасмии “қасам додани мансабдорони баландпоя бо Қуръони Шариф” вуҷуд дошт, аммо ин тадбир садди роҳи ришватхорӣ, хиёнат ба моли давлату мардум намешуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиисҷумҳури Тоҷикистон, ҳам дар охирин мулоқоташ бо хабарнигорон дар соли 2009 гуфта буд “судяҳоро ҳангоми таъин кардан бо Қуръон қасам медиҳам, аммо пас аз чанде боз бо пора дастгир мешаванд”.

«САД ФОЙИЗ ГУНАҲКОРАМ, ҶАНОБИ ОЛӢ!»

Чеҳраи мансабдори тоҷик: Хашмгин бо куртаи сафед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Ба гуфтаи таҳлилгарон, савганд хӯрдан ба номи раисҷумҳур дар ҳоле ҳатмӣ мешавад, ки мансабдорони Тоҷикистон аслан мустақилият нишон намедиҳанд ва ҳангоми бурузи ин ё он мушкил худро паси шонаҳои раисҷумҳур панаҳ мекунанд. Ин гуна рафтор мақомдоронро дар чашми мардум то андозае камсалоҳияту нотавон ҷилва медиҳад ва шояд ба ҳамин хотир шаҳрвандон ҳатто барои ҳалли мушкили ночиз дасти ниёз сӯи раисҷумҳур дароз мекунанд.

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, таҳлилгари тоҷик ва узви фаъоли Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи масъалаҳои калидиро як шахс ё гурӯҳе аз номи як шахс ҳал мекунанд. “Дар чунин ҷомеъа мардум ҳам бо хости худ мехоханд, ки масъулиятро ба як шахс вогузор кунанд. Пас табиист, ки мардум ҳалли масъалаҳои ҷузъитаринро аз шахси авввал интизор доранд”, меафзояд ӯ.

Зимнан, як пурсиши кӯтоҳ дар хиёбонҳои Душанбе собит кард, ки аксар сокинон номи вазирону раисони Кумитаҳои давлатиро намедонанд ва чеҳраи онҳоро низ намешиносанд.

Симои мансабдори тоҷик аз назари сокинон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Ба гуфтаи таҳлилгарон, телевизионҳои давлатии Тоҷикистон симои мақомдорони баландпоя - вазирону раисони Кумитаҳои давлатиро аҳёнан намоиш медиҳанд ва аз пахши суханрониҳои онҳо худдорӣ мекунанд. Таври маъмул, чеҳраи мансабдори воломақоми тоҷик замоне дар экрани телевизионҳои давлатӣ зоҳир мешавад, ки раисиҷумҳур ӯро дар маҷлисҳои солона ё соҳавӣ сарзаниш мекунад ва ӯ даст пеши бар ба тасдиқи гуфтаҳои раҳбари давлат сар меҷунбонанд. Яке аз чунин саҳнаҳои хотирмон маҷлиси ҷамъбастии соли 2007-ум буд, ки раисҷумҳур Муродалӣ Алимардонов, раиси вақти Бонки миллиро, барои маблағгузории нокифояи бахши кишоварзӣ сарзаниш кард ва ӯ ғайриинтизор посух дод: “Сад фоиз гунаҳгорам, Ҷаноби Олӣ!”

МУҶОЗОТ БАРОИ …ТАШАББУС?

Худи мансабдорони тоҷик ҳам иқрор мекунанд, ки ба зоҳир шудани чеҳраашон дар телевизион манфиатдор нестанд, зеро он метавонад ҳар гуна, ҳатто чун “рекламаи худ” арзёбӣ шавад. Яке аз онҳо дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, зуд-зуд зоҳир шудан дар экрани телевизион метавонад “ҳезум андохтан ба оташи ғайбатчиҳову нотавонбинҳо” шавад ва онҳо дар сӯҳбатҳои пуштипардагӣ ё дар ҳузури афроди наздик ба сарвари давлат ишора мекунанд, ки “фалонӣ худашро реклама карда истодааст” ва ё “фалонӣ чӣ амбитсияи сиёсие дошта бошад?!”.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки воқеъан ҳам дар низоми кунунии давлатдории Тоҷикистон ташаббускорӣ ва ё мустақилияти мансабдор метавонад боиси хатми карераи сиёсиашон шавад. Аз нигоҳи Сайид Муҳиддин Дустмуҳаммадиён, таҷрибаи Амонулло Ашур ва Шариф Раҳимзода нишон дод, ки мустақил будан оқибати хубе надоранд. “Аввалӣ аз мақомаш ва баъдан аз идораи давлатӣ барканор шуд ва дуввумиро ба порлумон фиристоданд, ки маъмулан ҷои мансабдорони нафақахӯр аст. Ва таҷрибаи талхи ин гуна мансабдорони замонавию мустақил дигар соҳибкурсиҳоро эҳтиёткор кардааст.

Мусоҳиби мо меафзояд, ба ин ҳама “сифат”-ҳои мансабдори тоҷик фақат метавон илова кард, ки ӯ маъмулан як шахси синаш аз 52 боло аст ва бо ягон хонаводаи мансабдори баландпояи дигар пайванди хешовандӣ ва ё аққалан маҳаллӣ дорад...

XS
SM
MD
LG