Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи дувуми Ёсуман Холова дар озмуни зебоии Чин


Акси Ёсуман Холова аз саҳифаи Фейсбукаш
Акси Ёсуман Холова аз саҳифаи Фейсбукаш

Ёсуман Холова – духтари 18-солаи тоҷик – дар озмуни зебоии Miss Global Tourism 2017 дар Чин мақоми дувумро соҳиб шудааст. Ин озмун рӯзи 14 март натиҷагирӣ шуд ва ҷойи аввал насиби модели португалӣ гардид. Барои дарёфти тоҷи маликаи зебоӣ дар Чин намояндагони 60 кишвар бо ҳам рақобат доштанд.

Ин пирӯзӣ ба Ёсуман Холова имкони муаррифии либосҳои нави Пиер Карден, тарроҳи маъруфи фаронсавиро фароҳам кард. Холова тарбиятдидаи студияи “New Era” дар Тоҷикистон буда, то кунун дар чандин сабқатҳои ҷаҳонии зебоӣ иштирок намудааст. Аз ҷумла, ӯ дар озмуни Fashion House International дар Остонаи Қазоқистон ғолиб омадааст.

Парвина Саидова
Парвина Саидова

Дар зимн, зебосанами дигари тоҷик Парвина Саидоваи 29-сола моҳи ноябри соли гузашта дар озмуни "Маликаи зебоии ҷаҳон" дар шаҳри Остона Тоҷикистонро намояндагӣ кард ва унвони "Missis International 2016"-ро ба худ ихтисос дод. Ин зебосанами тоҷик барои иштирок дар ҷашни 95-солагии Пиер Карден ба Порис даъват шудааст.

XS
SM
MD
LG