Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳзода: Интихоботи Ҳолланд тақдири муҳоҷиронро ҳал мекунад. ВИДЕО


Шаҳзодаи Самарқандӣ

Дар Ҳолланд – кишваре, ки беш аз 16 миллион аҳолӣ дошта, яке аз давлатҳои муҳоҷирпазири аврупоӣ аст, интихоботи порлумонӣ ҷараён дорад. Бисёриҳо интихоботи рӯзи 15 мартро “як имтиҳони нав” дар сиёсати авҷгирандаи зиддимуҳоҷират арзёбӣ мекунанд. Пурсишҳои афкори умум аз чанд моҳ пеш шонси пирӯзии яке аз сиёсатмадорони баҳсбарангези ин кишвар – раиси ҳизби ростгаро Герт Вилдерсро хеле зиёд арзёбӣ мекунанд, ки ваъда додааст, ин кишварро ба гуфтааш, “ғайриисломӣ” мекунад. Баъзе пурсишҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар сурати пирӯзӣ ҳарчанд “Ҳизби озодиҳо”-и Вилдерс натавонад раъйи заруриро барои ташкили ҳукумат ба даст орад, шонси ӯ барои ҳамоиш бо гурӯҳҳои дигар барои таъсиси ҳукумати эътилофӣ зиёд аст.

Сӯҳбати видеоӣ дар инҷост:

Дар Туркия, қарор аст, иттифоқе биафтад, ки дар Тоҷикистон афтод. Яъне, қарор аст, раиси ҷумҳур қудрати бештар дошта бошад. Ин чизе аст, ки давлати Ҳолланд мухолифаш ҳаст.

Ҳолу ҳавои интихоботи Ҳолланд, нигаронӣ аз шиддатёбии шароити буду боши муҳоҷирон дар ин кишвар баъд аз интихобот ва масъалаҳои дигарро дар сӯҳбате бо Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарова), рӯзноманигори муқими Ҳолланд ва таҳиякунандаи аршади барномаҳои Радиои Замона, дар миён гузоштем.

Ӯ гуфт, “аз соати ҳафтуними субҳ марказҳои овоздиҳӣ боз ҳастанд. Ҳатто баъзе аз ҷавононро дидам, пеш аз онки ба “диско” бираванд, аввал овоз доданд. Чун касоне ки давоми рӯз имкони раъй доданашон нест, як рӯз пеш ҳақ доштанд, ба пойи сандуқҳои раъй бираванд. Худам тасмим гирифтаам, ки бояд ба кӣ овоз диҳам, аммо ҳанӯз раъй надодам. То соати нӯҳи шаб фурсат ҳаст.”

Герт Вилдерс
Герт Вилдерс

Радиои Озодӣ: Яке аз нигарониҳои аслӣ дар остонаи интихобот – пирӯзии эҳтимолии ҳизби Герт Вилдерси ростгаро ва нирӯҳои зидди муҳоҷирон дар кишвар аст. То куҷо, воқеан ҳам, дар сурати пирӯзии ин нирӯ мешавад гуфт, ки стратегияи сиёсии Ҳолланд – як кишвари меҳмоннавози муҳоҷирон метавонад куллан тағйир ёбад?

Шаҳзодаи Самарқандӣ: “Ин нигарониҳо дуруст аст. Вале бояд ба сохтори интихоботии Ҳолланд низ таваҷҷӯҳ дошта бошем. Дар Ҳолланд кам иттифоқ афтодааст, ки як ҳизб баранда шуда бошад. Дар маҷмӯъ, се ё чаҳор ҳизб ба қудрат даст ёфта ва давлатро ташкил медиҳанд. Ин бор ҳам ҳадди ақалл се ҳизб боло хоҳанд омад. Ҳизби Герт Вилдерс, мумкин аст, дар байни яке аз ин ҳизбҳо бошад ва дар тасмимгириҳо саҳм бигирад. Аммо бақия ҳизбҳое, ки то ҳоло қудрат ва теъдоди зиёди курсиҳоро дар порлумон ё “давлати дувум” доштанд, бо Вилдерс ҳамкорӣ нахоҳанд кард. Яъне, агар ҳизби Вилдерс ҳам теъдоди зиёди курсиҳоро ба даст орад, мо мушкил хоҳем дошт, то давлати оянда мушаххас шавад. Ин ҳамбастагиро аз ҳам мепошад.”

Радиои Озодӣ: Чаро, ба назари Шумо, натиҷаҳои интихобот дар Ҳолланд фавқулода муҳим мешавад ва то куҷо он метавонад дар ҳолу ҳавои сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар маҷмӯъ таъсиргузор шавад?

Шаҳзодаи Самарқандӣ: “Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Иттиҳоди Аврупо аст, хориҷ шудани Бритониё аз ин иттиҳод аст. Агар ҳизби Вилдерс пирӯз шавад, ӯ ҳам хостори хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупо аст. Ин аст, ки бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, ҳизби Герт Вилдерс боло наояд ва Ҳолланд дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо бимонад. Дувум, натиҷаи интихобот ин аст, ки кишвари Ҳолланд дигар дар баробари муҳоҷироне ки барояшон паноҳандагӣ ё сарпаноҳ додааст, дасту дили боз нахоҳад дошт. Мумкин аст, парвандаи садҳо муҳоҷири дигар муаллақ бимонад ва шояд ҳам маҷбур шаванд, ки ба кишварҳои аслии худ баргарданд.”

Радиои Озодӣ: Дар остонаи интихобот як моҷарои наве миёни ҳукуматҳои Ҳолланд ва Туркия бархост. Онро мешавад моҷарои дипломатӣ номид, чун ҳоло Туркия мегӯяд, дигар вуруди ҳукуматдорони ҳолландӣ ба ин кишвар манъ шуда, Ҳолланд ҳам аз вуруди вазири умури хориҷии Туркия ба кишвараш монеъ шуд. Ба фикри Шумо, паёмадҳои ин ҳама моҷаро чӣ шуда метавонад?

Шаҳзодаи Самарқандӣ: “Ҳолланд яке аз кишварҳои демократитарини Иттиҳоди Аврупо аст. Беш аз 1000 номзад ва 114 ҳизб доранд. Инҷо ҳатто дуздҳои дарёӣ ҳизби худро доранд. Дар Туркия, қарор аст, иттифоқе биафтад, ки дар Тоҷикистон афтод. Яъне, қарор аст, раиси ҷумҳур қудрати бештар дошта бошад. Ин чизе аст, ки давлати Ҳолланд мухолифаш ҳаст.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG