Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Лукашенко тарҳи андозситонӣ аз "муфтхурҳо"-ро манъ кард


Раиси ҷумҳури Беларус Александр Лукашенко
Раиси ҷумҳури Беларус Александр Лукашенко

Раиси ҷумҳури Беларус Александр Лукашенко қонуни зиддунақизи ситонидани молиёт аз шаҳрвандони бекоррро то як сол манъ кард.

Лукашенко рӯзи 9 март дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ки тарҳи ситонидани молиёт лағв намешавад, аммо ҷамъоварии пул низ то як сол сурат намегирад.

Ҳадафи қонуни соли 2015, ки тарҳҳои замони Шӯравиро ба ёд меорад, ба гуфтаи Лукашенко мубориза алайҳи "муфтхурии иҷтимоӣ" аст.

Ин қонун эътирозҳои саросариро дар ҷумҳурии Беларус, ки 10 миллион аҳолӣ дорад, ба бор овард.

Тарҳ молити махсусро бар дӯши беларусҳое бор мекунад, ки камтар аз ним сол кор мекунанд ва дар идораҳои сабти бекорон номнавис намешаванд.

Қонун онҳоеро аз супурдани морлиёт озод мекунад, ки кор мекобанд, дар хона хоҷагидорӣ мекунанд, деҳқонӣ мекунанд ё дар Русия ҷойи кор доранд.

XS
SM
MD
LG