Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: Вусъати мушакҳои болдори Русия ба НАТО таҳдид мекунад


 Пол Селва ҳангоми сӯҳбат дар Маркази омӯзишҳои Стратегӣ ва Байналмилалии Вашингтон. 28 октябри соли 2016.
Пол Селва ҳангоми сӯҳбат дар Маркази омӯзишҳои Стратегӣ ва Байналмилалии Вашингтон. 28 октябри соли 2016.

Вазорати дифои ИМА Русияро ба вусъат додани мушакҳои болдор, ки хилофи шартномаи соли 1987 дар бораи коҳиши таслиҳот аст, айбдор кард.

Ба гуфтаи муовини раҳбари Кумитаи раҳбарони ситодҳоии неруҳои мусаллаҳи Амрико Пол Селва, ин амали Москва ба НАТО дар Аврупо хатар дорад. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки сухан дар бораи кадом мушакҳо меравад.

Миёнаҳои моҳи феврали соли равон The New York Times навишт, ки Русия низоми нави мушакҳои болдорро роҳандозӣ карда, шартномаи маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвозро, ки соли 1987 миёни СССР ва ИМА имзо шуда буд, вайрон кард.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков иддаои нашрияро рад карда, гуфт, Москва "пойбанди уҳдадориҳои байналмилалии худ хоҳад монд".

Шартномаи бемуҳлати маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвоз 1 июни соли 1988 ба иҷро даромад. Бар пояи он, ИМА ва Русия (ҳамчун вориси СССР) вазифадоранд, то аз сохтан ва озмоиши мушакҳои болдор, ки аз 500 то 5500 километр парвоз мекунанд, худдорӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG