Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармони Трампро ин дафъа аёлати Ҳавайи ба чолиш кашид


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Аёлати Ҳавайи барнома дорад, ки фармони нави Доналд Трамп дар робита ба манъи муваққатии вуруди шаҳрвандони шаш кишвари умдатан мусалмонӣ ва умуман паноҳандагон ба қаламрави Амрикоро ба чолиш бикашад. Ҳавайи гуфтааст, талош мекунад, ки ин фармонро рӯзи 8 март муваққатан боздорад.

Ҳафтаи равон Кохи Сафед ба ҷойи фармони қаблӣ, ки аз тарафи додгоҳҳои якчанд аёлат ба чолиш кашида шуд, фамони нави иҷроияро пахш кард. Фармони нав додани раводид (виза)-и Амрикоро ба шаҳрвандони Эрон, Яман, Либия, Сурия, Сомалӣ ва Судон то 90 рӯз манъ мекунад.

Шаҳрвандони шаш кишвари мазкур, ки аллакай раводиди ИМА-ро доранд, аз ҳаққи сафар ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум нахоҳанд шуд. Фармони бознигаришудаи Доналд Трамп, ки 16 март ба иҷро хоҳад даромад, инчунин, барномаи қабули муҳоҷиронро ба Амрико то 120 рӯз мутаваққиф мекунад.

"Фармони нав чизе бештар аз Манъи мусалмонҳо-2 нест", - гуфт додситони кулли аёлати Ҳавайи Дуг Чин. "Он бо баҳонаи амнияти миллӣ боз ҳам паноҳандагон ва муҳоҷиронро ҳадаф қарор медиҳад. Ин ҳатто роҳро барои маҳдудиятҳои бештар боз мекунад", - афзуд додситони кулли Ҳавайи.

Вазорати адлияи Амрико инро рад мекунад ва мегӯяд, "мо итминон дорем, ки амалҳои президент мутобиқи қонун ва ба хотири ҳифзи амнияти миллӣ аст."

XS
SM
MD
LG