Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ширкати чинӣ барои нақзи таҳримҳои Эрон 892 млн. ҷарима шуд


Рӯзи 7 март ширкати чинии тавлиди таҷҳизоти коммуникатсионӣ (ZTE) қонуншикании худ дар фурӯши таҷҳизоти сохти Амрико ба Эронро пазируфта ва омодаи пардохти 892 миллион доллар ҷарима шудааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, ин ширкати чинӣ дар ин созиш бо Вазорати тиҷорат, адлия ва молияи Амрико ҷурми худ дар нақзи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳидаро хоҳад пазируфт. Ҳеҷ яке аз вазоратхонаҳо ҳозир нашуданд, дар бораи ҷузъиёти ин тавофуқ изҳори назар кунанд.

Таҳқиқоти Вазорати тиҷорати Амрико баъд аз нашри гузориши хабаргузории "Рейтерс" дар соли соли 2012 оғоз шуд, ки ошкор кард ин ширкати чинӣ барои фурӯши миллионҳо доллар сахтафзор ва нармафзори тавлиди бархе аз ширкатҳои компютерии Амрико ба бузургтарин ширкати мухобиротии Эрон бо Теҳрон, қарордод бастааст.

Ин тавофуқ ба як соли норӯшанӣ дар мавриди сарнавишти фаъолиятҳои ин ширкат дар бозори Амрико поён медиҳад. Номи ин ширкат дар феҳристе қарор дошт, ки ширкатҳои амрикоӣ бидуни дарёфти иҷозатномаи вижа ҳаққи ҳамкорӣ ва муомила бо онҳоро надоранд. Дар он замон Вазорати тиҷорати Амрико эълом кард, ки ин ширкати чинӣ дар мухолифат бо амнияти миллӣ ва ё сиёсати хориҷии Амрико амал кардааст.

XS
SM
MD
LG