Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди наберабонӣ – ба мактаб. ВИДЕО


Дар яке аз рустоҳои Ҳинд, мактабе фаъолият мекунад, ки дар онҷо на кӯдакону наврасон, балки фақат бибиҳо таҳсил мекунанд. Дар мактаби Аҷибайчӣ Шола хондану навиштанро ба заноне ёд медиҳанд, ки синнашон аз 60 гузаштааст. Мактабро дар рустои Фанган дар 120-километрии шарқи Бомбай боз карданд.

Шогирдон, ки пироҳани гулобӣ, либоси мактабиашон аст, ҳар рӯз ба дарс меоянд. Бояд дар як ҳафта шаш рӯз ва дусоатӣ дарс хонанд. Дарсҳо пас аз нисфирӯзӣ шурӯъ мешаванд, чунки занон аз субҳ то нисфирӯз ба кори хона ва саҳро машғуланд.

Суннатҳои қадимӣ, аз ҷумла мардсолорӣ ва никоҳҳои бармаҳалро аз сабабҳои аслии бесавод мондани занон дар Ҳинд медонанд.

Дарс бо ниёиш шурӯъ мешавад. Бисёре аз шогирдон мегӯянд, ки таҳсил онҳоро рӯҳбаланд кардааст. Яке аз онҳо Гулоб Шиварӣ Кадар аст, ки мегӯяд, "мо хондану навиштан ва имзо гузоштанро ёд гирифтем. Ҳанӯз хуб ёд нагирифта бошем ҳам, вале аз дарсҳо бисёр хушамон меоянд."

Дар дарсҳо абзори таълимиеро ба кор мебаранд, ки худи шогирдон сохтаанд, ба мисли тахтаҳо барои алифбо. Муаллимони мактаб ҷавонанд ва мегӯянд, бо шогирдонашон бо эҳтиром рафтор мекунанд. "Бачаҳоро ҷанҷол ва сарзаниш кардан мумкин аст, бо бибиҳо чунин рафтор кардан дуруст нест. Инҷо таҳаммул ва муҳаббати самимӣ лозим аст. Баъзе аз занон хуб намешунаванд, ё намебинанд, барои ҳамин бояд дарсро чанд дафъа ва бо садои баланд фаҳмонем", - мегӯяд Шират Пракаш Море, муаллимаи 30-солаи мактаби бибиҳо.

Дар Ҳинд сатҳи саводи аҳолӣ дар муқоиса ба соли 2011, 74 дар сад боло рафтааст, вале теъдоди занони босавод дар муқоиса бо мардон кам аст. Ҳаштоду ду дар сади мардон хондаву навишта метавонанд, вале теъдоди занони босавод ба 65 дар сад мерасад. Суннатҳои қадимӣ, аз ҷумла мардсолорӣ ва никоҳҳои бармаҳалро аз сабабҳои аслии бесавод мондани занон дар Ҳинд медонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG