Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Ситоди нерӯҳои ИМА, Туркия ва Русия дар Анталия


Туркия - Раҳбари ситоди нерӯҳои Туркия Генерал Ҳулуси Акар бо Раҳбари ситоди муштараки нерӯҳои ИМА Ҷозеф Данфорд ва Раиси ситоди нерӯҳои низомии Русия Генерал Герасимов дар Анталия мулоқот кард. 7 марти соли 2017.

Дар пасманзари пешрафти эътилофи таҳти назари Амрико, барои берун кардани ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" аз Сурия, раҳбарони Ситоди нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, Туркия ва Русия барои мулоқот дар Анталия ҷамъ шуданд.

Ҷозеф Данфорд, Ҳулуси Акар ва Валерий Герасимов рӯзи 7 март марҳилаҳои баъдии мубориза бо ДИИШ-ро, ки Туркия дар маҳви он фаъолтар шудааст, баҳс мекунанд.

Туркия, Русия ва Амрико ҳамагӣ бар зидди ҷангҷӯёни исломӣ мубориза мебаранд, вале ҳар кадоме аз тарафҳои мухталифи низоъ пуштибонӣ мекунад.

Маскав вуҷуди ин нишастро тасдиқ кард. Вазорати дифои Русия дар як изҳорот ҳадафи нишастро "баҳси масоили амният дар Сурия ва Ироқ" номид.

Нишасти Анталия дар ҳоле ҷараён мегирад, ки нерӯҳои Ироқ бо кумаки эътилофи таҳти раҳбарии Амрико, амалиёти густардаи бозпас гирифтани Мавсилро аз ДИИШ ба роҳ мондаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG