Пайвандҳои дастрасӣ

"Ота Макон" Текебоевро дар интихоботи президентии Қирғизистон номзад кард


Қирғизистон - Раҳбари ҳизби мухолифини "Ота-Макон", Омурбек Текебоев ҳангоми суханронӣ дар гирдиҳамоии тарафдоронаш дар канораҳои Бишкек. 15 сентяри соли 2015.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 5-уми март анҷумани фаврии ҳизби "Ота Макон" барпо шуд. Тавре роҳбари муваққатии ҷиноҳи ҳизби мазкур дар порлумон Алмамбет Шикмаматов мегӯяд, ҳизб қарор кард, ки номзадии Омурбек Текебоевро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ кунад. Текебоев айни ҳол дар СИЗО-и кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи вакил, дар анҷуман аъзои ҳизб аз ҳамаи минтақаҳои Қирғизистон ҳузур доштанд. Аъзои ҳизб талаб карданд, ки Текебоев ва вазири пешини ҳолатҳои фавқулодда Дуйшенқул Чотонов фавран аз боздошт озод шаванд.

Текебоев 28 феврал бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Вай дар пайи даъвои соҳибкори рус Леонид Маевский боздошт шудааст. Маевский мегӯяд, соли 2010 барои таъсир расонидан дар хариди саҳмияҳои ширкати "Мегаком" ба Текебоев 1 миллион доллар пора додааст. Нафари дувуми айбдоршаванда аз рӯи ин парванда вазири пешини ҳолатҳои фавқулодда Дуйшенқул Чотонов аст. Тибқи иттилои тафтишот, соли 2010 вай ҳамроҳ бо Текебоев аз соҳибкори рус пора гирифтаанд. Ҳар ду сиёсатмадор ин айбҳоро рад мекунанд.

Пештар се сиёсатмадор - Темир Сариев, Бакит Торобоев ва Омурбек Бабанов изҳор доштанд, ки барои курсии президентӣ мубориза мебаранд. Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон 19 ноябр дар назар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG