Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико кӯмак ба кишварҳои хориҷиро кам мекунад


Мик Мулвани
Мик Мулвани

Раиси дафтари мудирияти буҷаи Амрико гуфт, ки дар воқеъ ҳукумати раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар буҷаи молии соли 2018 пешниҳод мекунад, то кӯмакҳои хориҷӣ “фавқуллода” кам карда шавад. Тарҳи буҷаи Амрико охири ҳамин моҳ пешниҳод мешавад ва ба гуфтаи Мик Мулвани, раиси Идораи мудирияти буҷаи ҳукумати Амрико, пуле, ки сарфаҷӯӣ мешавад, дар дохил харҷ хоҳад шуд.

Мик Мулвани рӯзи 4-уми март дар сӯҳбат бо телевизиони Фокс Нюс гуфт, ки “мо пешниҳод мекунем, кӯмакҳои хориҷӣ коҳиш ёбад ва он пулро мо дар дохил харҷ кунем.” Ба гуфтаи вай, коҳиш фавқуллода, вале мунсифона хоҳад буд. Мик Мулвани афзуд, ки пули сарфаҷӯишуда имкон медиҳад, хароҷоти низомии Амрико афзоиш дода шавад.

Буҷаи вазорати дифои Амрико ҳоло 603 миллиард долларро ташкил медиҳад, вале Доналд Трамп мехоҳад, хароҷоти низомӣ афзуда шавад. Ӯ рӯзи 27-уми феврал дар Конгресси Амрико гуфт, ки дар буҷа “афзоиши таърихии низомӣ пешбинӣ шудааст, то артиши холишударо аз нав барқарор кунем.”

Кохи Сафед гуфт, Доналд Трамп аз Конгресс хоҳад хост, то хароҷоти низомиро соли оянда 54 миллиард доллар афзоиш дода ва хароҷоти ғайринизомӣ ва аз ҷумла кӯмакҳои Амрико ба кишварҳои хориҷиро бисёр кам кунад.

XS
SM
MD
LG