Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯпошии кони ангишти Украина дастикам 8 нафарро ҳалок кард


Мақомоти Украина мегӯянд, ки бар асари таркиш ва фурӯпошии кони ангишт дар ғарби ин кишвар дастикам 8 коргар кушта шуданд. Хадамоти фавқулоддаи давлатӣ гуфт, ки дар пайи ҳодисаи рӯзи 2 март дар кони минтақаи Лвов, 20 ангишткан гум шуда, шаш тани дигар, ки захмӣ буданд, ҷон ба саломат бурданд.

Гурӯҳи наҷот ангиштканҳои гумшударо дар чуқурии 550 метр дар зери замин ҷустуҷӯ мекунад.

Кони ангишт, ки дар фосилаи чанд километр аз марзи Лаҳистон ҷойгир аст, ба як ширкати давлатӣ тааллуқ дорад.

Сухангӯи нахуствазири Украина гуфт, ки Владимир Ҳройсман баъди таркиш ба Лвов рафт ва қарор аст ба макони ҳодиса сафар кунад.

XS
SM
MD
LG