Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбари қатли Ким Чен Нам мегӯяд, ки "ин як шӯхӣ буд"


Шаҳрванди Индонезия Сити Айсия

Мақомоти Малайзия ду занро дар куштори Ким Чен Нам -- бародари модарҷудои раҳбари Кореяи Шимолӣ муттҳам карданд, ки яке шаҳрванди Индонезия ва дигаре шаҳрванди Ветнам аст.

Ба ин занҳо, ки худро бегуноҳ мешуморанд, ҳукми қатл таҳдид мекунад. Ба гуфтаи хабаргузории Associated Press, айбдоршавандаҳо зери тадобири сахти амниятӣ ва дар ҳоле ки дар тан ҷавшан доштанд, ба додгоҳ интиқол ёфтанд.

Ким Чен Нам 14 феврали соли равон дар фурудгоҳи пойтахти Малайзия заҳролуд шуд. Ба рӯи ӯ чодари заҳрогинро ҳаво доданд.

Дар робита ба ин қазия даҳ нафар гумонбаранд, ки то ҳол чаҳор танашон дастгир шудаанд. Яке аз айбдоршавандаҳо, ки аз Индонезия ҳаст, гуфт, фикр мекард, ин ҳамла "шӯхӣ" аст.

Ба гуфтаи ин зан, марди ношиносе ба ӯ 90 доллар дода, хоҳиш кардааст, ки маводи монанд ба "равғани кӯдакона"-ро ба сару рӯйи Ким Чен Нам бипошад. Дар худи зан асаре аз ин маводи заҳрогин ёфт нашудааст.

Ким Чен Нам писари калонии раҳбари пешини Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир аз зани дигараш буд. Солҳои охир ӯ дар хориҷ ба сар бурда, ошкоро мақомоти Пхенянро танқид мекард. Гумон меравад, ин кушторро хадамоти махсуси Пхенян созмон додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG