Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан Рӯҳонӣ дар интихобот ширкат мекунад


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Як дастёри баландпояааш гуфт, ки Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури ширкат мекунад. Ҳусейн Алӣ Амирӣ, муовини раиси ҷумҳур дар умури масоили порлумонӣ ба хабаргузории расмии ИРНА гуфтааст, ки “Дар ҳафтаҳои ахир оқои Рӯҳонӣ ба ин натиҷа расид, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад.”

Худи Ҳасан Рӯҳонӣ, як сиёсатмадори нисбатан мӯътадил то кунун дар бораи азмаш барои ширкат дар интихоботи рӯзи 19-уми май чизе нагуфтааст. Дар сурати ширкати Рӯҳонӣ дар интихобот, ӯ бо муҳофизакорон ва тундравон рӯ ба рӯ мешавад, ки то ҳол номзади худ ба мақоми раиси ҷумҳурро эълон накардаанд.

Ҷиноҳҳои муҳофизакор дар Эрон Ҳасан Рӯҳониро ба мудирияти нодурусти иқтисод зоеъ кардани манофеи созиши атомии соли 2015 муттаҳам мекунанд. Бар асоси Қонуни асосӣ дар Эрон як нафар ҳақ дорад, танҳо ду давраи чаҳорсола раиси ҷумҳур бошад.

XS
SM
MD
LG