Пайвандҳои дастрасӣ

Духтари Трамп аз падараш хост, ки созишномаи иқлимро тарк накунад


ИМА - Бизнес магнати амрикоӣ Доналд Трамп - бо духтараш Иванка, пеш аз маросими поягузорӣ ба меҳмонхонаи байналмилалии Трамп дар Вашингтон сӯҳбат мекунад.

Мушовири президент Ҷаред Кушнер ва ҳамсари ӯ Иванка Трамп, президенти Амрико Доналд Трампро мутақоид карданд, ки аз созишномаи Праиж, оиди мубориза бо гармшавии иқлим хориҷ нашавад. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 24 феврал хабар дод.

Ҳамсӯҳбатҳои нашрия гуфтанд, ки созишнома дар тарҳи фармонҳои Трамп, ки қарор аст ҳафтаи оянда имзо шаванд, зикр нашудааст. Ин санадаҳо баъзе фармонҳои президент Обамаро дар бораи ҳифзи муҳити зист бекор мекунанд.

Яке аз манбаҳои нашрия дар Кохи Сафед гуфт, ки Иванка Трамп ва ҳамсараш Ҷаред Кушнер метавонанд ба дидгоҳи президент дар робита ба муҳити зист таъсир гузоранд.

Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Трамп борҳо фармонҳои раиси ҷумҳури собиқ, Барак Обамаро танқид кард ва қавл дод, ки ба лағви ин қарорҳо даст хоҳад ёфт.

Соли 2015 наздик ба 200 кишвар барои мубориза бо гармшавии иқлим созишномаи Парижро имзо карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG