Пайвандҳои дастрасӣ

Номзад ба мақоми канслери Олмон дар қонушикании молӣ гумонбар шуд


Белгия - Раҳбари Порлумони Аврупо Мартин Шултс дар нишасти матбуотии ҷаласаи Иттиҳоди Аврпуо. Брюссел. 15 декабри соли 2016.

Номзад ба мақоми канслер ё садри аъзами Олмон Мартин Шултс ба сӯиистифодаи молӣ ва хотирбинӣ дар замони раёсаташ дар Порлумони Аврупо гумонбар мешавад. Дар ин бора "Мавҷи Олмон" хабар додааст.

Феълан идораи Аврупо дар умури мубориза бо қаллобӣ дурустии маълумоти ба мақомҳои баланд таъини як идда кормандон ва пардохти мукофотпулиҳо беасосро таҳқиқ мекунад. Сухан аз ҷумла дар бораи Маркус Энгелс, сухангӯи Шултс ва мудири маъракаи пешазинтихоботии ӯ меравад.

Идораи умури Порлумони Аврупо бояд шарҳи худро дар ин замина то 3 март пешниҳод кунад. Худи Шултс то ҳол дар ин робита ба ин иттиҳом вокуниш накардааст.

Охири моҳи январ ҳизби Сотсиал-Демократ раиси Порлумони Аврупо Мартин Шултсро номзад ба мақоми канслери Олмон пешбарӣ кард. Шултс гуфт, ки барои баробарҳуқуқӣ ва аз байн бурдани ба гуфтаи ӯ "ихтилофҳои ҷиддӣ" дар ҷоемаи Олмон мубориза мебарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG