Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон хостори ҷилавгирӣ аз тақсими нодурусти замин шуд


Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 24 феврал дар Душанбе зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, масъалаи истифодаи дурусти замин дар кишвар баррасӣ шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин ҷаласа муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон гузориш додааст. Ба иттилои манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифодаи дурусти замин таъкид карда ва хостори пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар истифода ва тақсимоти замин шудааст. Ӯ ҳамчунин аз мақомоти ҳукуматӣ хостааст, ки камбудиҳо дар ин заминаро бартараф кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Додситони кулли Тоҷикистон чанд рӯз қабл пешниҳод кард, ки манзилҳои истиқоматие, ки ба таври ғайриқонунӣ бунёд шудаанд, ба фоидаи давлат мусодира шаванд. Юсуф Раҳмон рӯзи 16 феврал дар Маҷлиси Миллӣ зимни гузориш дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар кишвар ба масъалаи фурӯши замин ва ояндаи хонаҳое, ки ғайриқонунӣ бунёд шудаанд, низ дахл кард.

Вай аз ҷумла гуфт, афроде, ки дар ин замина пора додаанд ва ҳам пора гирифтаанд, бояд баробар муҷозот шаванд. Ба гуфтаи додситони кулли кишвар, аз ҳисоби муомилоти ғайриқонунии замин 495 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, 924 қарори раисони шаҳраку ҷамоатҳо бекор гардиданд. Ахиран дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор мавориди зиёди фурӯши ғайриқонунии замин барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ, ошкор шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG