Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикэйр" ба Хоруғ парвоз анҷом медиҳад


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Шурӯъ аз фардо, 25 феврал ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ аз сар мегирад. Бино ба иттилои Азиз Хайруллоев, сухангӯи ин ширкат, ба таваҷҷӯҳ ба афзоиши талаботи сокинон барои парвоз дар самти Душанбе-Хоруғ, феълан ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳоро дар ин масир тавассути чархболи “Ми-8” анҷом хоҳад дод.

Хайруллоев гуфт: “Қаблан дар масири Душанбе-Хоруғ ҳавопаймои АН-28 парвоз мекард, аммо ба далели кӯҳнаю фарсуда шудани ин навъи ҳавопаймо ва истеҳсол нашудани қисмҳои эҳтиётӣ ба он парвоз тавассути ин ҳавопаймо ба шаҳри Хоруғ барои ҳаёти мусофирон хатар эҷод менамуд. Ба далели шароити мураккаби баландкӯҳии Хоруғ навъҳои дигари ҳавопаймо дар ин масир парвоз карда наметавонанд.”

Чархболи “Ми-8” метавонад 22 мусофирро ба манзил расонад. Ширкати “Тоҷик Эйр” гуфтааст, талош дорад парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ ба таври муназзам анҷом шуда ва дар сурати зиёд шудани теъдоди мусофирон метавонад ҳафтае ду маротиба дар ин самт парвоз сурат бигирад. Парвози чархбол аз Душанбе ба Хоруғ соати 8-т субҳи вақти маҳалӣ сурат гирифта ва қимати билет барои як нафар 615 сомониро ташкил медиҳад.

Парвозҳо аз Душанбе ба Хоруғ дар ҳоле азсар гирифта мешавад, ки тайи се ҳафтаи ахир бар асари барфбориҳо ва резиши тарма, роҳҳо ба сӯи шаҳри Хоруғ -- маркази вилояти Бадахшон дар чандин минтақа баста шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG