Пайвандҳои дастрасӣ

Путин рӯзҳои 27-28 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд


Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзҳои 27-28 феврали имсол аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 22 феврал хабар дод. Ҷузъиёти дигари сафари расмии Путин ба Тоҷикистон маълум нест.

Дар бораи нияти боздиди Путин аз Тоҷикистон охирҳои моҳи январ Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод. Вай гуфт, “мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд.”

Баъдан мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Душанбе имзои чанд созишнома дар назар аст. Неъматулло Ҳикматуллозода – вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон – рӯзи 31 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон бояд имзо шаванд, “асосан барои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо баъзе аз минтақаҳои бузурги Русия нигаронда шудаанд.” Аммо дар остонаи ин сафар гуфтумонҳое дар бораи эҳтимоли мувофиқати Тоҷикистон барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ба гӯш мерасад.

Владимир Путин бори охир моҳи сентябри соли 2015 ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Тоҷикистон омада буд. Тоҷикистону Русия 25 сол боз равобити дипломатӣ доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG