Пайвандҳои дастрасӣ

Арабистони Саудӣ "шайх Халил"-ро ба Остона таслим кард


Қазоқистон. Мусалмонҳо дар масҷиди Алмаато намоз мегузоранд. 21 январи соли 2011

Мақомоти Арабистони Саудӣ руҳонии қазоқ Абдухалил Абдуҷабборовро, ки дар кишвараш бо номи "шайх Халил" маъруф аст, боздошт ва ба Остона таслим кардаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, "шайх Халил" рӯзи 18 феврал ба ватанаш истирдод шуд.

Абдуҷабборов аз соли 2015 ба ин сӯ бар пояи моддаҳои "Барангехтани адовати динӣ" ва "Таблиғи терроризм" дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дошт. "Дар доираи тафтишоти пешакӣ Абдуҷабборов ба ҳабс гирифта шуд", - меафзояд Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон.

Абдуҷабборов гӯиё дар оғози соли 2000-ум миёни сокинони вилоятҳои ҷанубии Қазоқистон ақидаҳои тундгароии диниро паҳн карда, "фаъолияти ӯ ба ташкили гурӯҳҳои ифротгароии махфӣ" дар Оқтеппа, Атирау ва Урал сабаб шудааст.

"Шогирдони эҳтимолии Абдуҷабборов дар ҳамлаҳои террористии Қазоқистон иштирок дошта, бархеи дигар барои пайвастан ба сафи созмонҳои мамнуъ ба Сурия ва Афғонистон рафтаанд", - мегӯяд КДАМ-и Қазоқистон.

Абдуҷабборов аз соли 2006 инҷониб дар Арабистони Саудӣ ба сар мебурд. Моҳи октябри соли 2016 пулиси шаҳри Мадина ӯро боздошт ва ба Туркия истирдод кард. Вале мақомоти Анқара дархости паноҳандагияшро рад карда, ӯро ба Арабистони Саудӣ бозпас фиристодаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG