Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Кремл ба пешбарии Путин дар интихоботи соли 2018 омода мешавад


Русия - Номзад ба мақоми президентӣ, Владимир Путин ба ҷонибдоронаш дар варзишгоҳи Лужники сипос мегӯяд. 23 феврали соли 2012.
Русия - Номзад ба мақоми президентӣ, Владимир Путин ба ҷонибдоронаш дар варзишгоҳи Лужники сипос мегӯяд. 23 феврали соли 2012.

Дар Кремл барои пешбарии номзадии Владимир Путин ба сабқати президентии соли 2018 омодагӣ ҷараён дорад ва барои ӯ рақибони муносибро интихоб мекунанд. Дар ин бора якчанд расонаи Русия ҳамзамон гузориш додаанд.

Бин ба гузориши шабакаи телевизионии РБК, омодагӣ ба интихобот бо назардошти иштироки президент Путин дар ин маърака ҷараён дорад. Ин интихобот бояд пок, шаффоф ва қонунӣ бошад ва Путин дар он бо аксари райъҳо пирӯз шавад.

Шабакаи телевизионии "Дождь" мегӯяд, Кремл барои ширкат дар интихобот ва таъмини иштироки райъдиҳандагон номзадҳои навро ҷустуҷӯ намекунад. Ҳузури сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний дар ин маърака маълумоти манфиро нисбат ба ҳукумат ба вуҷуд меорад, аммо ба иштироки чашмгири электорат таъсир намегузорад.

Барои таъмини иштироки бештари овоздиҳандаҳо пешниҳод шудааст, ки онҳо на танҳо дар макони сабти ном, балки дар макони ҳузури худ низ раъй диҳанд. Рӯзи интхобот дар минтақаҳо назарсанҷиҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ низ баргузор мешаванд. Барои ҷалби ҷавонон фарзияи бозиҳои компютерӣ пешниҳод мешавад, ки барои дастрасӣ ба он сабти ном дар ҳазаи интихоботӣ зарур мешавад.

Интихоботи раёсати ҷуҳмури Русия, аз рӯи барнома - 11 марти соли 2018 баргузор мешавад. Кремл масъалаи маъракаи барвақтиро матраҳ намекунад, "зеро интиқоли рӯзи интхобот ба вақти дигар метавонад дар чашми мардум ҳамчун заъфи ҳукумат талаққӣ шавад", - гуфтааст як манбаъ ба хабаргузории "Интерфакс".

То ҳол Владимир Жириновский, Григорий Явлинский ва Алексей Навалний аз иштироки худ дар интихобот дарак додаанд. Путин аз посухи мустақим ба суоли иштирокаш дар интихобот канор меравад.

XS
SM
MD
LG