Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як сокини Тоҷикистон дар садамаи Саратов


акс аз ҷои фоҷеа

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Саратови Русия шаш нафар, аз ҷумла як шаҳрвади Тоҷикистон ва боқӣ шаҳрвадони Ӯзбакистон ва Русия кушта шуданд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳодиса барои онҳо ҳам тасдиқ шудааст. Ин нафар Тулқунҷон Бозорбоев, соли таваллудаш 1984, зодаи ноҳияи Шаҳринав мебошад, гуфт як масъули сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Ҷасади ӯ дар мурдахонаи ноҳияи Петровскии вилояти Саратов нигаҳдорӣ мешавад. Масъулини сафорат гуфтанд, ки дипломатҳои сафорат ва намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон масъаларо таҳти назорат қарор додаанд.

Дафтари матбуоти раёсати умури дохилаи минтақаи Саратов хабар дод, ки садама дар назди деҳаи Тарумовкаи ноҳияи Петровскии вилояти Саратов тахминан соатҳои 5 субҳи рӯзи 20 феврал рух дод. Аз рӯи фазияи пешакӣ, садама дар лаҳзае рух додааст, ки мошинҳои навъи «Ниссан» ва «Киа» ба ҳам бархӯрд кардаанд. Ронандаи «Киа» эҳтимолан ба муқобили мошини дигар ҳаракат карда қоидаро вайрон ва сабаби рух додани фоҷеа шудааст. Ҳамаи 5 мусофири «Киа» ва ронандаи «Ниссан» кушта шудаанд. Ронандаи «Ниссан» сокини ноҳияи Петровский будааст. Қурбониёни дигар – муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва Ӯзбакистон буданд.

Соли 2016 аз Русия ба Тоҷикистон 457 тобут оварда шудааст, ки аксаран дар паи маризӣ, марг дар сохтмон ва садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст додаанд. Русия дар солҳои охир маҳалли кору зиндагии беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG