Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр” парвозҳоро ба Пекин оғоз мекунад


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» эълон кардаст, ки аз санаи 27 феврали соли ҷорӣ парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Пекин-Душанбе шурӯъ кунад. Бино ба иттилои Азиз Хайруллоев, сухангӯи ин ширкат, ин иқдом ба хотири тавсеъаи хатсайри парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, роҳандозӣ шудааст.

Парвозҳо аз Душанбе ба Пекин рӯзҳои душанбе соати 16:40-и вақти маҳалӣ тавассути ҳавопаймои “Боинг 757-200” сурат гирифта ва аз Пекин ба Душанбе рӯзҳои сешанбе соати 3:30-и шабона бо вақти Пекин анҷом меёбанд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин 5 соат 30 дақиқа буда, муддати парвоз аз Пекин ба Душанбе 6 соат 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Арзиши чипта дар ду самт – 1 748 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар маросими кушодашавии хатсайри нав директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов иброз дошт, ки ифтитоҳи хатсайри мазкур ба сокинони Тоҷикистон ва Чин имкон медиҳад, ки рафту омади худро дар ду самт осонтар кунанд. Феълан ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба самтҳои Алмаато, Бишкек, Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургут парвозҳо анҷом медиҳад.

Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 1930 ташкил гардидааст. Имрӯз дар ширкати «Тоҷик Эйр» зиёда аз 500 мутахассиси соҳаи ҳавопаймоӣ фаъолият доранд. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар канори паврозҳо ба кишварҳои хориҷӣ, парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои дохилӣ ба шаҳрҳои Хоруғ ва Хуҷанд низ ба роҳ мондааст.

XS
SM
MD
LG