Пайвандҳои дастрасӣ

Сенатори амрикоӣ мегӯяд, Русия боз танбеҳ мегирад


Линдси Граҳам, сенатори амрикоӣ

Линдси Граҳам, сенатори амрикоӣ гуфт, талош мекунад, барои мудохила ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ба Русия ҳарчӣ бештар танбеҳ бидиҳанд. Линдси Граҳам, вакили Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт, ”Соли 2017 дар конгресс соли сахтгирӣ бо Русия хоҳад буд”. Сенатори амрикоӣ зимни суханронӣ дар Конфрони Амниятии Мюнхен дар Олмон дар рӯзи 19-уми феврал ҷумлаи қабеҳеро нисбат ба Русия ба кор бурд.

Хадамоти иттилоотии Амрико моҳи январ гузоришеро нашр карданд ва гуфтанд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия амр додааст, “як маъракаи таъсиргузорӣ” барои беобрӯ кардани низоми интихоботӣ ва бадном кардани Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ ба роҳ андохта шавад.

Дар ин гузориш омадааст, ки Русия тарафдори он буд, ки Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон, раиси ҷумҳур шавад. Доналд Трамп дар интихоботи рӯзи 8-уми ноябр пирӯз шуд ва рӯзи 20-уми январ қасам ёд кард.

Ба гуфтаи Линдси Граҳам, замоне ки баҳсҳои сиёсии дохилии баъд аз интихобот фурӯ нишинад, онгоҳ, Конгресс “ба корҳои дигар машғул мешавад ва таҳримот ба зидди Русия аз аввалин кор мешавад.” Ӯ афзуд, умедвор аст, ки барои қабули қароре ҷиҳати эъмоли таҳримот ба зидди Русия ҳимояти вакилони демократ ва ҷумҳурихоҳро ба даст меорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG