Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаракати нерӯҳои Ироқ барои маҳви ДИИШ дар Мосул


Нерӯҳои ироқӣ дар ҷануби Мосул ҳам барои поксозии шаҳр аз ҳузури ифротиён меҷанганд.

Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ эълон кард, ки амалиёт барои бозпас гирифтани ғарби шаҳри Мосул аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ шурӯъ шудааст.

“Мо эълон мекунем, ки марҳилаи нави амалиёт оғоз шуд ва мо меоем, то ғарби шаҳри Мосулро озод кунем” –гуфт, Ҳайдар Ибодӣ зимни як суханронии телевизионӣ дар рӯзи 19-уми феврал. Ӯ афзуд, “Нерӯҳои мо амалиёт барои озод кардани мардум аз дасти террорҳои ДОИШ-ро шурӯъ мекунанд. Шаҳри Мосул, маркази вилояти Найнаворо ҷангҷӯёни Давлати исломӣ соли 2014 ишғол карданд ва онро маркази ба гуфтаи гурӯҳ “хилофат” дар Ироқ эълон карданд.

Мо меоем, то ғарби шаҳри Мосулро озод кунем.

Амалиёт барои поксозии шаҳри Мосул, ягона такягоҳи тундравон, рӯзи 17-уми октябри соли гузашта бо кӯмаки нерӯҳои амрикоӣ шурӯъ шуд. Баъди ҷангҳои сахте ба нерӯҳои давлатии Ироқ муяссар шуд, бахши зиёди қисмати шарқии шаҳрро бигиранд. Қисмати ғарбии шаҳр зери назорати гурӯҳи Давлати исломӣ қарор дорад ва дар онҷо аз 650 000 то 800 000 мардуми осоишта ва омехта бо ҷангҷӯён зиндагӣ мекунанд.

Пештар аз шурӯи амалиёт, ҳавопаймоҳои ироқӣ, дар шаҳри Мосул миллионҳо адад огоҳинома рехтанд ва мардумро аз шурӯи ногузири амалиёт дар ғарби шаҳр огаҳ карданд.

Дар яке аз ин огаҳиномаҳо омадааст, “Нерӯҳои мусаллаҳи шумо бо такя бар Худованд, ба самти рост ҳаракат мекунанд. Омодаи истиқболу ҳамкорӣ бо фарзандони артиш бошед. Мисли онки бародарони шумо дар шарқи шаҳр барои кам кардани талафоту суръат бахшидан ба раҳоӣ амал карданд.”

Ин узви "Давлати исломӣ"-ро дар шаҳри Сулаймония дастгир кардаанд.
Ин узви "Давлати исломӣ"-ро дар шаҳри Сулаймония дастгир кардаанд.

Дар огаҳиномаҳои дигар ба аъзои гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ амр ҳушдор додаанд, ки “аслиҳаашонро ба замин бигзоранд ва таслим шаванд.”

Рӯзномаи Ню Йорк Таймс рӯзи 18-уми феврал гузориш дод, дар маҳаллаҳои ғарбӣ ва сераҳолии Мосул обу ғизо ва сӯзишворӣ нест ва агар бошад, ҳам бо қиммати бисёр баланд фурӯхта мешавад.

Гурӯҳи ифротгарои ба ном Давлати исломӣ, соли 2014 қаламравҳои васеи шимоли Ироқ ва Сурияро ишғол кард ва ҷинотҳои гӯшношуниде ҳам кардааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин масъулияти ҳамлаҳои бузурги террористӣ дар Аврупо ва ҷойҳои дигарро бар дӯш гирифт. Давлати исломӣ шаҳри Раққа дар Сурияро пойтахти худ эълон кардааст ва ин шаҳр ҳоло дар муҳосираи нерӯҳоест, ки аз тарафи Амрико ҳимоят мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG