Майк Пенс – ноиби раиси ҷумҳури Амрико – дар пайи нигарониҳо дар бораи инки оё Иёлоти Муттаҳида бо НАТО хоҳад буд, ё не, ба раҳбарони кишварҳои аврупоӣ гуфтааст, “Амрико бузургтарин муттаҳиди Шумо ҳаст ва хоҳад буд.” Ӯ рӯзи 18 феврал ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши амниятии Мюнхен гуфт, робитаи пойдор миёни Амрико ва Аврупо на бар пояи “нерӯи дастҳо”, балки бар асоси арзишҳо ва усули “гиромӣ доштани озодӣ, демократия, адолат ва ҳокимияти қонун” аст.
Ӯ гуфт, аз Доналд Трамп паём овард ва ин паём ин аст, ки Амрико ҷиддан аз НАТО ҳимоят мекунад. Муовини Доналд Трамп, инчунин, таъкид кард, танҳо панҷ узви НАТО 2 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро барои дифоъ масраф карда ва дигарон барои расидан ба ин ҳадаф роҳи рӯшане надоранд.
Майк Пенс гуфт, замоне расидааст, ки “бештар кор кунем”. Ба гуфтаи ӯ, Амрико ҳарчанд бо Маскав дар ҳоли ҷустуҷӯи “заминаи муштарак” мебошад, вале Русияро барои дахолат дар Украина посухгӯ нигоҳ хоҳад дошт. Ноиби раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, Русия бояд созишномаи оташбаси Минскро ҳимоят ва ба коҳиш додани хушунат дар шарқи Украина шурӯъ кунад. Ӯ, инчунин, гуфт, Амрико итминон медиҳад, ки Эрон наметавонад соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад.