Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрату Эҳсонро аз зери тарма берун оварданд


Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки рӯзи 17 феврал ду сокини шаҳри Хуҷандро аз панҷаи тарма халос карданд. Ба қавли онҳо, Шӯҳрат Аёнов (1982) ва Эҳсон Тоҳиров (1983) аз тарафи Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат дошта, баробари фаромадани тарма дар зери тӯдаҳои барф мондаанд. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ба ҳардуи ин сокини Хуҷанд ёрии аввалияи тиббӣ расонда шуда, вале онҳо аз бистарӣ гардидан дар шифохона худдорӣ намудаанд.

Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди огоҳиҳои батакрор дар бораи хатари фаромадани тарма дар роҳҳои мошингард бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳанӯз сокинону ронандагон таваҷҷӯҳ намекунанд ва ҷони худро зери хатар мегузоранд. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқлода гуфтанд, ҳанӯз хатари резиши санг ва фаромадани тарма дар роҳҳо боқӣ мондааст.

“Бахусус, ин хатар дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе–Хоруғ ва Хоруғ-Ишкошим бештар аз пештар эҳсос мешавад. Чунончӣ, рӯзи 17 феврал дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, ва Ишкошими вилояти Бадахшон, Лахш ва Ҷиргатоли минтақаи Рашт ва аз километри 54 то 72-и роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд резиши санг ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин роҳҳо қатъ шудаанд”, - таъкид шудааст дар огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Тайи як моҳи охир бар асари фаромадани тарма дар роҳҳои кишвар 13 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG