Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди бузурги Душанбе соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд


Мақомоти расмии Тоҷикистон эълон карданд, ки масҷиди бузургтарини Душанбе соли оянда мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Як манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи 18 феврал гуфт, дар маҷмуъ барои сохтмони ин масҷид 700 миллион сомонӣ, муодили тақрибан сад миллион доллар, сармояи давлати Қатар ва Тоҷикистон сарф шудааст. Ин манбаъ нагуфт, ки оё дар ҷараёни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қатар масъалаи сохтмони ин масҷид ҳам барарсӣ шудааст, ё не, вале гуфт, “ин мавзӯъ ниҳоӣ шудааст”.

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар авҷи таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, гузошта ва моҳи октябри соли 2011 низ аз маҳалли сохтан дидан карда буд. Масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аз 4 манораи баландиаш 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори барои нишасту ҷаласа иборат хоҳад буд. Дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз гузоранд.

Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон беш аз 70 масҷид, аз ҷумла 16 масҷиди ҷомеъ фаъол ҳастанд.

XS
SM
MD
LG