Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма дастикам 7 сарбозро дар Қазоқистон ҳалок кард


Қазоқистон - Акси кӯҳҳои Оқтоу.
Қазоқистон - Акси кӯҳҳои Оқтоу.

Дар пайи рехтани тарма дар Ҷамбул, минтақаи воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, дастикам 7 сарбоз ба ҳалокат расид.

Руслан Имонқулов, сухангӯи Вазорати изтирории Қазоқистон гуфт, тарма дар ҳоле дараи Коксойро пӯшонд, ки рӯзи 17 феврал дар он ҷо тамрини низомӣ ҷараён дошт.

Вазорати дифои Қазоқистон гурӯҳи вежаеро барои наҷоти сарбозон таъсис дод. Дар пайи ҷустуҷӯ 7 сарбозро зинда пайдо карданд.

Гурӯҳи наҷот ҳудудан 10 сарбози гумшударо ҷустуҷӯ дорад.

XS
SM
MD
LG