Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи Трамп: Русия бояд Қримро ба Украина баргардонад


ИМА - Сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер дар нахустин нишасти матбуотӣ. Вашингтон, 23 январи соли 2017.
ИМА - Сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер дар нахустин нишасти матбуотӣ. Вашингтон, 23 январи соли 2017.

"Доналд Трамп, президенти Амрико ба таври возеҳ фаҳмонд, ки ҳукумати Русия бояд Қрими ғасбшударо баргардонда, аз хушунат дар шарқи Украина, аз ҷумла дастгирии ҷудоихоҳон даст кашад". Ин нуктаро Шон Спайсер, сухангӯи Кохи Сафед баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, Трамп нисбат ба Маскав "бархӯрди ниҳоят сахт" дорад, вале дар айни замон, афзуд, "Трамп интизор дорад, ки муносибатро бо Русия беҳтар хоҳад кард".

Спайсер аз ҷумла ёдовар шуд, ки Никки Ҳейлӣ, намояндаи доимии ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 3 феврал, ҳангоми ҳузури нахустинаш дар Шӯрои амният амалҳои Русияро қотеъона маҳкум ва таъкид кард, ки "Қримро ҷузъи Украина аст" ва таҳримҳои марбут ба нимҷазира то баргаштани он ба ҳайати Украина бекор нахоҳанд шуд".

Стивен Мнучин, вазири нави молияи ИМА, низ гуфт, таҳримҳое, ки дар робита ба нооромиҳои Украина зидди Русия ҷорӣ шудаанд, бекор намешаванд. Русия соли 2014 Қримро аз Украина ғасб кард. Қонунӣ будани пайвастани нимҷазираро ба ҳайати Русия ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф накард.

XS
SM
MD
LG