Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии Тоҷикистон бо Баҳрайн, қабл аз рӯёрӯӣ бо Яман


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пеш аз бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо тими Яман бо мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни тимҳои Баҳрайн ва Тоҷикистон 23 март дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Ар-Риффаи Баҳрайн баргузор мешавад.

Дар нахустин даври марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон 28 март дар сафар бо мунтахаби Яман рақобат мекунад.

Баъди ин бозии дӯстона футболбозони тоҷик ба Қатар парвоз мекунанд. Аввалин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили мунтахаби Яман 28-уми март дар шаҳри Доҳа барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки рӯзи 23 январ дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу-Дабӣ - баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Филиппин, Яман ва Непал рақобат мекунад.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, барои аввалин бор 24 даста ширкат меварзад. Аз онҳо аллакай 12 даста маълум аст. Инҳо дастаҳои марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 – Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) мебошанд. Барои 12 роҳхати дигар 24 дастаи мунтахаб дар сабқати интихобӣ мубориза мебарад.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашии сабқати интихобииҶоми Осиё-2019 шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил шудааст. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбад. Мувофиқи тақвими мусобиқаи интихобӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон имсол се бозиро дар майдони худ ва ду бозиро дар сафар анҷом медиҳад. Як бозии дигар соли оянда барпо мегардад.

Дар нахустин даври марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон 28 март дар сафар бо мунтахаби Яман рақобат мекунад. Футболбозони тоҷик дар даври дувум 13 июн дар майдони худ - Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе – бо тими миллии Филиппин вориди рақобат мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум 5 сентябр дар сафар бо дастаи Непал ва дар бозии ҷавобӣ бо ҳамин даста 10 октябр дар Душанбе бозӣ мекунад. Дар даври панҷум, ки 14 ноябр дар Душанбе доир хоҳад шуд, футболбозони тоҷик бо мунтахаби Яман рӯбарӯ мешаванд.

Бозии ниҳоии интихобиро футболбозони тоҷик 27 марти соли 2018 дар сафар муқобили тими Филиппин анҷом медиҳанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019:

Гурӯҳи «А»: Қирғизистон, Ҳиндустон, Мянмар, Макао.
Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Лубнон, Малайзия.
Гурӯҳи «С»: Урдун, Ветнам, Афғонистон, Камбоҷа.
Гурӯҳи «D»: Умон, Фаластин, Молдив, Бутан.
Гурӯҳи «E»: Баҳрайн, Туркманистон, Тайван, Сингапур.
Гурӯҳи «F»: Филиппин, Тоҷикистон, Яман, Непал.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «F»

Даври 1-ум
28 март (сешанбе)

Яман – Тоҷикистон
Филиппин – Непал

Даври 2-юм
13 июн (сешанбе)

Тоҷикистон – Филиппин
Непал – Яман

Даври 3-юм
5 сентябр (сешанбе)

Непал – Тоҷикистон
Филиппин – Яман

Даври 4-ум
10 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Непал
Яман – Филиппин

Даври 5-ум
14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман
Непал – Филиппин

Даври 6-ум
27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон
Яман – Непал

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG