Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яман, Филиппин ва Непал -- рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2019


Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки рӯзи 23 январ дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу-Дабӣ - баргузор шуд, рақибони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистонро муайян кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои миллии Филиппин, Яман ва Непал рақобат мекунад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар қуръакашӣ дар Абу-Дабӣ сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи кишвар Ҳаким Фузайлов ширкат дошт.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, барои аввалин бор 24 даста ширкат меварзад. Аз онҳо аллакай 12 даста маълум аст. Инҳо дастаҳои марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 – Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) мебошанд. Барои 12 роҳхати дигар 24 дастаи мунтахаб дар сабқати интихобӣ мубориза мебарад.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашии сабқати интихобииҶоми Осиё-2019 шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил шудааст. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбад. Мувофиқи тақвими мусобиқаи интихобӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон имсол се бозиро дар майдони худ ва ду бозиро дар сафар анҷом медиҳад. Як бозии дигар соли оянда барпо мегардад.

Дар нахустин даври марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон 28 март дар сафар бо мунтахаби Яман рақобат мекунад. Футболбозони тоҷик дар даври дувум 13 июн дар майдони худ - Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе – бо тими миллии Филиппин вориди рақобат мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум 5 сентябр дар сафар бо дастаи Непал ва дар бозии ҷавобӣ бо ҳамин даста 10 октябр дар Душанбе бозӣ мекунад. Дар даври панҷум, ки 14 ноябр дар Душанбе доир хоҳад шуд, футболбозони тоҷик бо мунтахаби Яман рӯбарӯ мешаванд.

Бозии ниҳоии интихобиро футболбозони тоҷик 27 марти соли 2018 дар сафар муқобили тими Филиппин анҷом медиҳанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019

Гурӯҳи «А»: Қирғизистон, Ҳиндустон, Мянмар, Макао.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Лубнон, Малайзия.

Гурӯҳи «С»: Урдун, Ветнам, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи «D»: Умон, Фаластин, Молдив, Бутан.

Гурӯҳи «E»: Баҳрайн, Туркманистон, Тайван, Сингапур.

Гурӯҳи «F»: Филиппин, Тоҷикистон, Яман, Непал.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

28 март (сешанбе)

Яман – Тоҷикистон

Филиппин – Непал

Даври 2-юм

13 июн (сешанбе)

Тоҷикистон – Филиппин

Непал – Яман

Даври 3-юм

5 сентябр (сешанбе)

Непал – Тоҷикистон

Филиппин – Яман

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

XS
SM
MD
LG