Пайвандҳои дастрасӣ

Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2019 киҳо хоҳанд буд?


Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол, ки рӯзи 23 январ дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу-Дабӣ - баргузор мешавад, рақибони мунтахаби Тоҷикистонро муайян хоҳад кард. Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дастаҳоро дар сабадҳо аз рӯи раддабандии нави ФИФА ҷо ба ҷо гузоштааст ва қуръакашӣ тибқи он доир мешавад.

Ҷойгиршавии дастаҳо дар сабадҳо чунин аст:

  • Сабади 1: Урдун, Умон, Филиппин, Баҳрайн, Қирғизистон, Кореяи Шимолӣ.
  • Сабади 2: Ҳиндустон, Фаластин, Тоҷикистон, Ветнам, Ҳонконг, Туркманистон.
  • Сабади 3: Молдив, Лубнон, Яман, Афғонистон, Тайван, Мянмар.
  • Сабади 4: Малайзия, Сингапур, Камбоҷа, Непал, Бутан, Макао.

Мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми қуръакашӣ бо дастаҳои дар сабадҳои якум, севум ва чорум ҷойгирдбуда, як гурӯҳро ташкил медиҳад. Бинобар ин, дастаҳое, ки дар сабади дувуманд - Ҳиндустон, Фаластин, Ветнам, Ҳонконг ва Туркманистон дар марҳилаи интихобӣ рақиби мунтахаби Тоҷикистон намешаванд.

Футболбозони тоҷик бозии ниҳоии интихобиро рӯзи 27 марти соли 2018 дар сафар бо яке аз дастаҳои мунтахаб аз сабади якум доир мекунанд.

Мувофиқи тақвими мусобиқоти интихобӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон имсол се бозиро дар майдони худ ва ду бозиро дар сафар анҷом медиҳад. Як бозии дигар соли оянда барпо мегардад.

Дар нахустин даври марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Тоҷикистон 28 март дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади севум рақобат мекунад. Футболбозони тоҷик дар даври дувум 13 июн бо дастае аз сабади якум дар майдони худ - Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе – вориди рақобат мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум 5 сентябр дар сафар бо яке аз дастаҳои сабади чорум ва дар бозии ҷавобӣ бо ҳамин даста 10 октябр дар Душанбе бозӣ мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон соли равон бозии охирини худро бо дастае аз сабади севум дар хона анҷом медиҳад. Бозии ниҳоии интихобиро футболбозони тоҷик 27 марти соли 2018 дар сафар бо яке аз дастаҳои мунтахаб аз сабади якум доир мекунанд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи интихобӣ 12 дастаи беҳтарини 6 гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG