Пайвандҳои дастрасӣ

Ғолибони мусобиқаи хотираи Александр Кирсанов маълум шуданд


Мусобиқаи зимистона оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, собиқ бозигари дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Ирригатор”-и Душанбе бо пирӯзии тимҳои «Соро компания» (миёни бозигарони ҳирфаӣ), «Вавилон» (байни алоқамандон) ва Академияи «Истиқлол» (миёни собиқадорон) хотима ёфт.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 25-ум дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, рӯзи 25-уми декабр ба анҷом расид. Дар сабқати дастаҳои ҳирфаӣ «Газпром» ва «Соро компания» ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бозӣ хеле пуршиддат сурат гирифт. Замони асосӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. Ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ муайян карда шуд. Футболбозони «Соро компания» бо ҳисоби 5:4 пирӯзӣ ба даст оварданд ва бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Ба дастаи “Газпром” медалҳои нуқра супурда шуд. Барои ҷойи севум «Вавилон» дастаи «Бонки миллӣ»-ро бо ҳисоби 11:7 шикаст дод ва соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Дар сабқати дӯстдорони футзал «Вавилон» дар бозии ниҳоӣ бар «Динамо» бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Барои медалҳои биринҷӣ дастаи Кумитаи андоз бар тими ФФТ бо ҳисоби бузурги 10:4 ғолиб омад.

Дар сабқати собиқадорон дастаи Академияи «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ бар тими «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Барои ҷойи севум «Ирригатор» дастаи «Рохи тоҷик»-ро бо ҳисоби 7:3 шикаст дод.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаҳои ғолиби мусобиқа ва тимҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро азони худ карданд, ҷому медалҳо ва ифтихорномаҳо супурда шуд. Бозигарони беҳтарин дар дастаҳои ҳирфаӣ - Мансур Эргашев («Бонки миллӣ»), Файзалӣ Сардоров («Вавилон»), Фирӯз Юсуфзода («Соро компания») ва Хуршед Маҳмудов («Газпром») – бо ҷоизаҳо мукофотонида шуданд.

Инчунин дар байни алоқамандон Фирӯз Бозоров («Вавилон»), Самар Солеҳзода («Динамо» ВКД), Рустам Хоҷаев (ФФТ) ва Самад Шоҳзуҳуров (Кумитаи андоз), дар миёни собиқадорон Алишер Тӯйчиев (Академияи «Истиқлол»), Сӯҳроб Ҳамидов («Ирригатор»), Раҳматулло Фузайлов («Динамо» ВКД) ва Искандар Сафаров («Роҳи тоҷик») беҳтаринҳо дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG