Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Малайзия бародари Ким Чен Ин кушта шуд


Малайзия - фурудгоҳи Куала Лумпур
Малайзия - фурудгоҳи Куала Лумпур

Ким Чен Нам, бародари раҳбари Кореяи Шимолӣ - Ким Чен Ин, гуфта мешавад, дар Малайзия кушта шудааст. Дар ин бора Yonhap, хабаргузории Кореяи Ҷанубӣ, бо такя ба манбаъҳои худ дар ҳукумат гузориш дод. Ин хабарро Reuters низ бо такя ба манбаи худ дар ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тасдиқ кард.

Ким Чен Нам бародари ҳамхуни раҳбари феълии Кореяи Шимолӣ аст, ки дар гузашта аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Ким Чен Ир ҳисоб мешуд. Ӯ солҳо боз дар хориҷ зиндагӣ мекард ва назорати сулолавии хонаводааш бар ҳукумат ва дар инзивоъ қарор доштани кишварро ошкоро танқид мекард.

Шабакаи телевизионии Кореяи Ҷанубӣ - Chosun бо такя ба чандин манбаи ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, ки Ким Чен Намро гӯё ду зан дар фурудгоҳи Куала Лумпур, пойтахти Малайзия, заҳролуд карданд, ки зоҳиран гумоштаҳои Кореяи Шимолӣ буданд. Онҳо боздошт нашудаанд.

XS
SM
MD
LG