Пайвандҳои дастрасӣ

CPJ хостори озодии журналисти қазоқ Ҷонбулот Мамай шуд


Қазоқистон - Фаъоли ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигор Ҷонбулот Мамай дар додгоҳ. 11 феврали соли 2017

Созмони ҷаҳонии «Кумитаи дифоъ аз журналистон» (CPJ) аз мақомоти Қазоқистон хост, иҷрокунандаи вазифаи сардабири рӯзномаи «Саяси калам. Трибуна» Ҷонбулот Мамайро, ки бо гумони даст дошан дар «пулшӯӣ» боздошт шудааст, аз ҳабюс раҳо кунанд.

«Мақомоти Қазоқистон пайваста садоҳои норозиро аз расонаҳои хабарии ин кишвар пок мекунанд ва ҳабси Мамай қадаме дар ҳамин самт аст», — изҳор дошт Нина Огнянова, ҳамоҳангсози CPJ дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ. "Мақомоти Қазоқистон бояд ӯро фавран озод ва таъқибро барои фаъолияти журналистияш қатъ кунанд" -- гуфт ӯ.

Мамай, ки дар бораи фасоди мансабдорон ва дигар мавзӯъҳои тезутунд менавишт, рӯзи шанбеи 11 феврал барои ду моҳ боздошт шуд. Ӯро айбдор мекунанд, ки аз раҳбари мухолифон ва раиси пешини бонки "БТА" Мухтор Аблязов, ки дар Фаронса ба сар мебарад, маблағ гирифтааст. Аблязов дар ватанаш ба рабудани сармояи ин бонк айбдор мешавад.

Дар ҳоли гунаҳкор дониста шуданаш ба Мамай то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. Вай айбномаро рад ва "дорои ангезаҳои сиёсӣ" унвон мекунад ва меафзояд мақсад аз боздошти ӯ халал расондан ба чопи рӯзнома аст. Аблязов айбномаи Мамайро тӯҳмат номид ва гуфт, ҳаргиз бо Мамай тамосе надоштааст. Ҳанӯз пеш аз боздошташ Мамай гуфт, ки таҳти муроқибат қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG