Додгоҳи низомии Тоҷикистон ҳукми як сарбозеро бетағйир гузошт, ки бо гуноҳи ба марг расонидани ҳамхидматаш Шӯҳрат Таваллоев ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои волидони сарбози кушташуда рӯзи 13-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо мехостанд, додгоҳ ба афсар ҷазои сахттар бидиҳад ва ҳам парванда аз сари нав таҳқиқ шавад, чун баъзе аз паҳлӯҳои марги Шӯҳрат равшан нест.
“Тафтишот латту кӯб шудани Шӯҳрат Таваллоев аз тарафи Мирзоҳомид Мирзобоевро собит кардааст, вале барои чӣ Шуҳрат худашро парондааст маълум нест ва ошкор нашудааст. “ –гуфт Дилшод Ҷӯраев. Ба қавли вакили дифои тоҷик, онҳо ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд.
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе, Мирзоҳомид Мирзобоевро моҳи январ бо гуноҳи “муносибатҳои ғайрионномавӣ “ ва ё бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи додситонҳо, Мирзоҳомид Мирзобоев 16-уми октябри соли гузашта, се ҳамхидматаш аз ҷумла Шӯҳрати 21-сола ва ду сарбози дигарро ба утоқе дароварда ва бо камарбанди сарбозӣ, ба сару манаҳи онҳо задааст.
Ба гуфтаи додситонӣ, Шӯҳрат ба кирдорҳои ҳамхизмати худ тоб наоварда “худи ҳамон рӯз, ҳангоми дар ҳайати посбонӣ қарор доштан, бо силоҳе, ки дошт ба зери манаҳаш ду тир меандозад.”
Аммо волидони Шӯҳрат Таваллоев, сокинони ноҳияи Роштқалъа мегӯянд, фарзандашон наметавонист, ба зери манаҳи худ аз Калашников якбора ду тир занад ва шубҳа доранд, ки ӯ худкушӣ кардааст.