Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои интихобот. 98% тарафдори Бердимуҳаммадов


Комиссияи марказии интихоботии Туркманистон гуфт, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури феълӣ 97.69 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва дигарбора раиси ҷумҳур интихоб шудааст.

Интихоботи раиси ҷумҳур рӯзи 12-уми феврал баргузор шуд ва маълум буд, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои 7 соли дигар раиси ҷумҳур мемонад. Интихобот соати 7 субҳ ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд ва ба гуфтаи Кумиссиёни марказии интихоботи Туркманистон дар зарфи 3 соат бештар аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар раъй додаанд.

Ҳангоми раъйдиҳӣ дар як мактабе дар шаҳри Ашхобод Қурбонгулӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо 97.69 дар сади раъйи мардум барои бори савум раиси ҷумҳури он кишвар интихоб шудааст.

Бердимуҳаммадов гуфт, интихобот “сарнавишти мардум дар ҳафт соли ояндаро муайян мекунад”. Раиси ҷумҳури Туркманистонро аъзои хонавода ва аз ҷумла писараш ҳамроҳӣ мекарданд, ки як сол пеш вакили мардумӣ интихоб шуд. “

Бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, ки ду рӯз қабл аз раъйдиҳӣ, донишҷӯён дар яке аз мактабҳои Ишқобод – пойтахти Туркманистон вазифадор шуданд, ки сандуқҳоро ба баргаҳои тарафдорӣ аз раиси ҷумҳур Бердимуҳаммадов, пур кунанд. Рақибони аслии Бердимуҳаммадов дар ин интихобот, мақомоти сатҳи поёни ҳукуматӣ, вакилон ва раҳбарони бархе аз ширкатҳо, ба шумули раҳбари як ҳизби навтаъсис буданд.

Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои парлумонӣ ва ё президентӣ дар Туркманистон аз соли 1991 ба ин тараф, шаффоф ва мунсифона баргузор нашудааст. Нозирон мегӯянд, ки ҳузури номзадҳои “гумном” ва “ҳизбҳои киссагӣ” дар ин интихобот, дар кишваре, ки ҳама васоити ахбори умум аз сӯи ҳукумат контрол мешавад, тағйиреро ба миён наовард.

“Ҳамаи интихоботҳо дар 25 соли гузашта “дасткорӣ” шуданд ва ҳеҷ оппозитсияи воқеӣ дар кишвар вуҷуд надорад – ҷомеа зери фишор қарор дорад ва матбуоти мустақил дар амал вуҷуд надорад.”,- мегӯяд Михаил Романовоский, коршиноси масоили АвруОсиё дар Бунёди Герман Маршал дар Амрико.

Ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, матбуоти ҳукуматӣ маъракаи интихоботии ҳашт номзади дигари президентиро ба таври хеле маҳдуд пӯшиш доданд. Дар ҳоле, ки Бердимуҳаммадов аз ҳама имкониятҳо бархӯрдор буд ва истиқбол аз ӯ дар шаҳру ноҳияҳо ба таври густурда дар васоити ахбори омма намоиш дода мешуд.

Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури пешини Туркманистон.
Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури пешини Туркманистон.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 ва пас аз даргузашти Сафармурод Ниёзов қудратро дар даст дорад. Сафармурод Ниёзов, узви Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Шӯравӣ, худ аз соли 1990 то замони маргаш, қудратро дар даст дошт.

Бердимуҳаммадов соли гузашта “ислоҳотеро” имзо кард, ки монеи синнӣ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро аз миён бурд ва амалан роҳро барои қудрат ҳамавор кард. Раиси ҷумҳури Туркманистон ҳоло 59-сола аст ва шарти синнии пешин 70-сол буд.

Қонуни асосии Туркманистон ҳеҷ монеа барои ширкати чанд дафъаина дар интихобот эҷод намекунад ва давраи раёсати ҷумҳурӣ низ аз панҷ сол ба ҳафт сол афзоиш ёфтааст.

Туркманистон чаҳорумин кишвар аз назари захираҳи гази табиӣ дар ҷаҳон аст. Ин кишвар тақрибан ба таври комли ба содироти ин манбаи энержӣ вобаста аст. Чин муҳимтарин харидори гази ин кишвари 5-миллионнарафа аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG