Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи тазоҳуроти азим дар Руминия


Тазоҳурот дар Руминия бештар аз як ҳафта аст, ки идома дорад.
Тазоҳурот дар Руминия бештар аз як ҳафта аст, ки идома дорад.

Баргузоркунандагонаш мегӯянд, ки қарор аст, имрӯз як тазоҳуроти азиме дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия сурат бигирад. Рӯзи 11-уми феврал тахминан 11 ҳазор нафар хиёбонҳои Руминия тазоҳурот карданд, ки дар муқоиса ба рӯзҳои аввал бисёр кам аст.

Дар аввали ҳамин моҳ тақрибан ним миллион нафар ба кӯчаҳои Руминия рехта ва ба зидди қарори ҳукумат дар бораи сабук кардани ҷазои мансабдорони ришвахор эътироз карданд. Зери фишори тазоҳургарон ҳукумат қарорро беэътибор кард ва вазири адлия ҳам истеъфо дод.

Бо вуҷуди ин тазоҳургарон дар хиёбонҳо монда ва аз Сорин Гриндеану, нахуствазир ва ҳукумати Ҳизби сотсиал-демократи Руминия хостанд, ки истеъфо бидиҳанд. Бино ба гузоришҳо рӯзи 11-уми феврал тақрибан 3 ҳазор нафар дар шаҳри Будапешт ҷамъ омада ва зидди ҳукумат шиор додаанд.

XS
SM
MD
LG