Пайвандҳои дастрасӣ

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки дар шаҳри Душанбе барпо хоҳад шуд, рӯзи 13 феврал шурӯъ мешавад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд), ба гурӯҳи «Б» «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Ашт» (Ашт) дохиланд.

Ҷоми ФФТ барои шашумин бор баргузор мешавад. "Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дуборӣ ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳхат гирифта буд, аз мусобиқа хориҷ шудааст. Ба ҷои “Хайр” дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар мусобиқаи пешакиигурӯҳи «Б»-и минтақаи Душанбе ҷойи севумро соҳиб шуда буд, ширкат меварзад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ 13-уми феврал бо бозиҳои гурӯҳи “А” оғоз меёбад. Рӯзи душанбе соати 12:30 дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои «Равшан» ва «Ҳосилот» вориди рақобат мешаванд. Баъдан соати 15:00 дастаҳои «Хуҷанд» ва «Кӯктош» ба майдон меоянд.

Рӯзи сешанбеи 14-уми феврал ду бозӣ дар гурӯҳи «Б» миёни дастаҳои«Регар-ТадАЗ» – «Ашт» ва «Истиқлол» – «Ҳулбук» барпо мегардад. Бар асоси низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои Ҷоми ФФТ ва медалҳо идома медиҳанд.

Ҷоми ФФТ-2017
Марҳилаи ниҳоӣ

Даври 1-ум
Гурӯҳи «А»

13 феврал (душанбе)
12:30 – «Равшан» – «Ҳосилот»
15:00 – «Хуҷанд» – «Кӯктош»

Гурӯҳи «Б»
14 феврал (сешанбе)

12:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Ашт»
15:00 – «Истиқлол» – «Ҳулбук»

Бояд гуфт, ки Ҷоми ФФТ барои шашумин бор баргузор мешавад. "Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дуборӣ ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе барпо гардида буд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Соли гузашта дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Чор сол пеш дастаи «Хайр» дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) пирӯз гаштанд.

Соли 2014-ум дастаи «Истиқлол» севумин барандаи Ҷоми ФФТ гардид. Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

Соли 2015-ум низ “Истиқлол” барандаи Ҷоми ФФТ шуд. «Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки 15-уми марти соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар доир гашт, тими «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 5-1 шикаст дод.

Соли гузашта дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016, ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуд, дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаву ҳалкунандаро Ромиш Ҷалилов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 25-ум, ба ҳадаф расонд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2016):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG