Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” ва “Хайр” лигаи олиро хайрбод гуфтанд


Дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хайр”-и Ваҳдат, бинобар "ҷавобгӯ набудан" ба талаботи Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиё, ба лигаи аввал гузаронида шуданд.

Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 8 феврал дар маҷлисгоҳи ФФТ барпо гардид, гирифта шуд. Дар ин ҷаласа зикр шуд, ки «Хайр» ва «Равшан» барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар маблағ надоранд. Инчунин зерсохтори варзишгоҳи «Хайр» дар Ваҳдат ҳоли табоҳ дошта, ба талаботи Дастури муҷаввизкунонӣ ҷавобгӯ нест.

Федератсияи Футболи Тоҷикистон теъдоди дастаҳоеро, ки дар мавсими нав дар лигаи олии кишвар ширкат мекунанд, тасдиқ намуд. Чунонки пешбинӣ шуда буд, дар мусобиқаи 26-уми қаҳрамонии Тоҷикистон ҳашт даста ширкат меварзад.

Инҳо дастаҳои «Истиқлол», «Барқчӣ», ССКА «Помир» (ҳарсе аз Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтепа), инчунин ғолиби мусобиқаи лигаи аввал мавсими соли гузашта «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.

Мусобиқаи қаҳрамони Тоҷикистон-2017 дар се давра баргузор мешавад. Қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқаи лигаи олӣ 10-уми феврал доир мешавад.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин санаи баргузории бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор тасдиқ шуд. Ин бозӣ 4-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, ки дорои 25 ҳазор ҷойгоҳ мебошад, барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG