Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди Аврупо ба Украина 600 млн евро кумак мекунад


Владимир Гройсман (аз тарафи чап) бо Жан-Клод Юнкер

Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо, гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти манобеи молии давлати Украина 600 миллион евро (баробар ба 640 миллион доллар) ёрӣ хоҳад кард. Юнкер рӯзи 10 феврал пас аз мулоқот бо Владимир Гройсман, нахуствазири Украина, дар Брюссел аз ислоҳот дар ин кишвар тавсиф кард ва гуфт, Киев бо вуҷуди мушкилҳо ба пеш ҳаракат дорад. "Мо бо Украина ҳамкори стратегӣ ҳастем", - ёдоварӣ кард ӯ. Владимир Гройсман низ ёрии Иттиҳоди Аврупоро "сигнали" муҳим барои сокинони Украина донист. Иттиҳоди Аврупо то кунун барои ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Украина беш аз 2,2 миллиард евро кумак кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG