Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон тарҳи ислоҳоти конститутсиониро қабул кард


Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон тарҳи ислоҳоти конститутсиониро имзо кард, ки аз рӯи он қудрати низоми президентӣ тақвият меёбад. Дар хабари мухтасари сайти президентӣ гуфта шудааст, ки тарҳ ба дафтари нахуствазир ирсол шуд ва қарор аст он ба раъйпурсии ҳамагонӣ гузошта шавад. Эрдуғон мегӯяд, ки ин ислоҳот дар шароити бебандубории кишвар субот эҷод мекунад. Мухолифон мегӯянд, ки қудрати худкомаи президент боз ҳам бештар мешавад. Нӯъмон Куртулмуш, муовини нахуствазири Туркия гуфт, ки моҳи апрел эҳтимолан раъйпурсӣ барои тағйири конститутсия баргузор мешавад. Парлумон моҳи январ бо қабули ин тарҳ мувофиқат кард. Дар сурати пазируфта шудани ислоҳот ба конститутсия, Эрдуғон метавонад то соли 2029 дар сари қудрат бимонад.

XS
SM
MD
LG