Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд шуд


Наим Мансурзода
Наим Мансурзода

Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, аз мақомаш озод шудааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон р=зи 10 феврал гуфт, Эмомалӣ Раҳмон бар асоси банди 2, моддаи 56-и Қонуни асосӣ Наим Мансурзодаро "ба сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан" бозхонд кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ба асоси қонун, номзадии Мавлуда Қаландарзода ба раисии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Қаландарзода феълан вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аст. Бо фармонҳои дигари президент Маҳмадисо Саидзода ва Исроил Мирзозода аз вазифаи раиси додгоҳҳои шаҳри Турсунзода ва Ҳисор озод карда шуда ва якҷоя бо Рошиддин Қамарзода ба унвони додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод шудаанд.

Инчунин, рӯзи 10 феврал бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Манучеҳр Ҷамилзода директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таъин карда шудааст. Тайи як фармони дигар, президент Зафар Шарифзодаро директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак (марзи Узбакистон) таъин кардааст.

XS
SM
MD
LG