Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунаққиди барномаи сиҳҳатии Обама вазири беҳдошт шуд


Сенати ИМА дар як овоздиҳии пурбаҳсе номзадии Том Прайсро ба мақоми вазири беҳдошт тасдиқ кард. Прайси 62-сола конгрессмене аз аёлати Ҷорҷиа бо ихтисоси духтури ҷарроҳ яке аз мунаққидони шадиди барномаи сиҳҳатии Обама будааст. Барномае, ки президенти собиқи Амрико роҳандозӣ карда буд, ба 20 миллион сокинони ИМА бимаи тиббиро фароҳам оварда шумори афроди бесуғуртаро то нишондоди камтарини 10 % поин овард. Ҷумҳурихоҳҳо, ки ҳарду палатаи Конгрессро назорат мекунанд, гуфтаанд, ки бархе қарорҳои Обамаро бекор хоҳанд кард. Дар овоздиҳӣ 52 ҷумҳурихоҳ раъйи мусбат ва 47 демократ раъйи манфӣ доданд. Дар гузашта Трамп гуфтааст, ки бар ивази барномаи сиҳҳатии Обама “як бимаи аз назари пулӣ дастрасро барои ҳама амрикоиҳо ҷорӣ мекунад”. Сенаторҳои демократ дар мухолифат бо бекор шудани бимаи тиббии замони Обама гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин тасмимҳо миллионҳо амрикоиҳо осеб хоҳанд дид.

XS
SM
MD
LG