Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ҳукми Навалнийро "сиёсӣ" хонд


"Ҳукми Алексей Навалний, ки 8 феврал дар доираи парвандаи "Кировлес" аз тарафи додгоҳи Киров содир шуд, гуногунандешии сиёсиро дар Русия маҳдуд карда, роҷеъ ба адолати раванди демкоратӣ дар ин кишвар саволҳои ҷиддиеро ба миён мегузорад."

Ин нукта дар изҳороти Хадамоти умури хориҷии Аврупо зикр шудааст. Ин ниҳод ҳукми додгоҳро зидди Навалний "талоши хомӯш кардани боз як садои мустақили сиёсӣ дар Русия" хондааст.

Ахиран додгоҳи ноҳияи Ленини Киров дар доираи парвандаи "Кировлес" Навалнийро ба дуздӣ айбдор намуда, 5 сол шартан аз озодӣ маҳрум ва 500 ҳазор рубл ҷарима кард. Ҳамчунин қарор аст, ӯ 4 сол таҳти назорати доимӣ қарор гирад.

Ин ҳукми додгоҳ як фаъоли мухолифини русро аз ҳаққи пешбарии номзадияш ба мақоми президентӣ дар интихоботи ояндаи Русия маҳрум мекунад. Бар пояи қонунгузории Русия, шахсоне, ки ба содир кардани ҷиноятҳои сангин айбдор шудаанд, баъди адои муҳлати ҷазо низ то 10 сол ҳаққи ширкат дар интихоботро надоранд.

Худи Навалний гуфт, маъракаи интихоботии ӯ идома ёфта, аз болои қарори додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Парвандаи "Кировлес" бори дувум аст, ки баррасӣ мешавад. Соли 2013 додгоҳ Навалнийро зиндонӣ кард, вале баъдан ҳукми ӯ ба ҷазои шартӣ тағйир дода шуд.

Тафтишот тасдиқ кард, ки гӯиё ӯ ва соҳибкор Петр Офитсеров ҳазорҳо метри мукааби ҷангалро ғорат карда, ба минтақа 16 миллион рубл зарар расондаанд. Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо ин ҳукмро ноодилона хонд. Додгоҳи олии Русия низ моҳи ноябри соли 2016 онро манъ карда, барои баррасии дубора фиристод.

XS
SM
MD
LG