Пайвандҳои дастрасӣ

АБ: Дар маҳбаси Сурия дастикам 13 ҳазор зиндониро ба дор кашидаанд


Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Афви Байналмилалӣ рӯзи 7 феврал дар бораи қатлҳои фарогир дар зиндони Сайиднеяи Димишқ хабар дод. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки аз соли 2011 то 2015 дар зиндони низомии таҳти назорати режими Башор Асад, ҳар ҳафта аз 20 то 50 нафарро ба дор мекашиданд. Теъдоди умумии қатлшудаҳо эҳтимол ба 13 ҳазор нафар мерасад. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, ҷасадҳоро аз маҳбас берун бурда, дар гӯри дастаҷамъӣ ба хок месупурданд.

Ба гуфтаи Афви Байналмилалӣ, қурбониҳо асосан афроди мулкӣ буданд, ки гуфта мешавад бо ҳукумат мухолифат доштанд.

Созмони Афви Байналмилалӣ таъкид мекунад, ки гузориш бар пояи шаҳодати 84 нафар, бо шумули нигаҳбонҳои зиндон, додгустарҳо, вакилони дифоъ ва зиндониҳои озодшуда таҳия шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG