Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт Саидалии 9-сола дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷон бохтааст. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса шаби 6 феврал рух додааст. Ба қавли манбаъ, "Муродалӣ Нуралиев, сокини 34-солаи шаҳри Панҷакент бо аҳли оилааш, иборат аз чор нафар дар хонаи истиқоматиашон аз таъсири дуди ғализи ангишт заҳролуд шуданд. Мутаассифона, дар натиҷа писарбачаи 9-солааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид." Пизишкон тавонистаанд се узви хонадонро наҷот диҳанд. Аз ин пеш, дар моҳи январ, ду сокини деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз бӯи гази ангишти бухории худсоз (сандалӣ) заҳролуд шуда ва ба ҳалокат расида буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG