Пайвандҳои дастрасӣ

Занги аввал дар рӯзи 1 август. Пешниҳоди мутахассисон. ВИДЕО


Теъдоди муҳассилини мактабҳои миёна аз миллион нафар ҳам гузаштааст.

Тоҷикистон мехоҳад, соли таҳсилро, ки аз аҳди шӯравӣ то ҳол дар моҳи сентябр оғоз мешуд, як моҳ қабл рӯзи 1-уми август шурӯъ кунад. Пешниҳод дар ин заминаро Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон ба вазорати маориф ва илм додааст ва мегӯяд, ҳадаф аз он боло бурдани сатҳи дониши мактаббачаҳо аст, ки ба эътирофи худи мақомот беҳбудӣ металабад.

Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, муаллифи пешниҳоди мазкур аст ва намояндагонаш мегӯянд, ки масъалаи мазкурро бо дархости вазорат таҳқиқ карданд ва хулосаҳояшонро фиристоданд.

Шарифмуроди Исрофилниё, мудири Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи замону низоми таҳсил дар Тоҷикистон, онҳо ба вазорат пешниҳод кардаанд, ки мумкин аст, дарси бачаҳо дар мактабҳои миёна на 1-уми сентябр, балки 1-уми август шурӯъ карда шавад.

Ба гуфтаи вай, худи вазорат аз пажӯҳишгоҳ хостааст, ки имкони тағйири замони таҳсил дар Тоҷикистонро таҳқиқ кунанд ва пешниҳодҳо дар ин заминаро ба вазорат бифристанд. “Моҳи июн гармӣ фаро мерасад, соатҳои дарсии мо нисбат ба кишварҳои ғарбӣ камтар аст. Дигар ин ки мо 12 рӯзи ид дорем ва рӯзҳои таътил аст ки сабаби иҷро нашудани барномаи таълим мешавад. Як дафъа вазорати маориф таҳсилро то 7 уми июн тамдид карда буд. Зимистони қаҳратун ба низоми хониш таъсир мерасонад, кӯдакон хусусан дар кӯҳдоманҳо бо мушкил ба мактаб мераванд. Ин ҳамаро мо ба назар гирифта чунин пешниҳодро ироа кардем” - гуфт Шарифмуроди Исрофилниё.

Дар моҳи июну июл аксари мактабаччаҳо барои ёрии падару модарашон ба сари замин мераванд ва имтиҳоноту дарс дур мешавад.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, барвақттар яъне дар моҳи август оғоз кардани дарсҳо имкон медиҳад, барномаи таълимӣ дуруст аз худ карда шавад ва ҳам талабаҳо барои омодагӣ ба имтиҳоноти донишгоҳҳои олӣ фурсати бештар дошта бошанд.

Шарифмурод Исрофилниё
Шарифмурод Исрофилниё

Ба ақидаи ӯ, ба эътибор гирифтани шароити таълим дар фаслҳои сол, мумкин аст, сабаби беҳтар шудани давомот, яъне ширкати бачаҳо дар дарсҳо шавад. Як омӯзгоре аз шаҳри Хуҷанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳодро қобили қабул мешуморад.

Барф сабаби камсаводӣ

“Дар зимистон мактаббачаҳое ки манзили зисташон аз мактабҳо дур аст бо мушкил ба дарс меомаданд, агар соли таҳсил зудтар оғоз гардад ва дарсҳо хуб ҳазм шаванд, ба фоидаи кор аст” – мегӯяд, Ҳадиса Машарипова.

Вале айни замон гурӯҳи кории вазорати маориф ва илм пешниҳодро меомӯзад, вале маълум нест, ки онро мепазирад, ё не.

“Ҳар кишвар бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва менталитет ва ба эътибор гирифтани имконоти хониши талабаҳо метавонад, соли хонишро таъин кунад. Яъне ҳамаҷониба мушаххас бояд кард оғози таҳсил то куҷо барои ҳамаҷониба иҷро шудани барномаи таҳсил мусоидат мекунад ва зарурат надорад, ки ҳатман соли хониш 1-уми сентябр ва ё октябр бошад” - гуфт, Комил Мусоев, як намояндаи вазорати маориф ба Радиои Озодӣ.

Назари мухолифони пешниҳод

Аммо як корбари вебсайти Радиои Озодӣ, ки зоҳиран омӯзгор аст, навиштааст, хонандаро дарси бисёр не, балки дарси босифат босавод мекунад. Агар хонанда 12 моҳ дар як сол ба мактаб раваду лекин дар мактаб омӯзгори баландихтисос набошад, магар саводнок мешавад? –пурсидааст, ин хонанда.

Пешниҳоди аз якуми август оғоз кардан соли таҳсил, ҳоло фақат дар рӯи коғаз аст ва баъд аз баррасиҳои тӯлонӣ маълум мешавад, ки дар воқеъ ин пешниҳод қобили қабул аст ва оё метавонад, ба боло бурдани сатҳи дониши бачаҳо кӯмак кунад.

Дар Тоҷикистон теъдоди кӯдакону наврасони то 15 – сола аз 2 миллиону 800 ҳазор нафар бештар аст ва шумораи аҳолии аз 14 – 30 сола аз 2 миллиону 700 ҳазор нафар мегузарад.

Бештар аз якуним миллион нафар ҳам дар мактабҳо таҳсил мекунанд ва худи мақомоти расмӣ эътироф мекунанд, ки сатҳи дониш дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ на танҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, балки ба меъёрҳои худи кишвар мутобиқ нест.

Назари шумо ба ин пешниҳод чӣ ҳаст. Моҳи август оғоз кардани дарсҳо дуруст аст, ё не? Андешаҳои худро аз тариқи Вайбер ва Вотсапп ва ба ин шумора ба мо фиристед. +420 724 053 959

Омӯзгори ҷавон​

"Доир ба барвақт оғоз кардани соли хониш. Дар чанд давлате ки ман медонам новобаста аз он ки кай тахсилро огоз мекунанд 2 мох дар тобистон ва 2 мох дар зимистон дари мактабхои миена бастааст. Хонанда бояд истирохатхам кунад. Омузгорон низ хамчунин. Оё омузгоре ки 10 мох бо маоши каму соати бисери дарси кор кардааст дар якуним мох неруи худро баркарор карда метавонад? Ое ин пажухишгох мухлати ба рухсатии мехнати баромадани омузгоронро ки 56 руз аст фикр кардаанд? Хонандаро дарси бисер не балки даси босифат саводнок мкунад. Агар хонандаи 12 мох дар як сол ба мактаб раваду лекин дар мактаб омузгори баландихтисос набошад - саводнок мешавад? Гап дар сари он меравад ки хамон маблаге ки барои якмохи маоши омузгорон сарф мешавад барои гузаронидани семенархо, таер кардани омузгорони хуб ва таьмини мактабхо бо омузгорони баландихтисос сарф намоян хубтар мешавад.
Боки Худо хофиз!"

Мухтарам Шарифмурод Исрофилниё, шумо фикр мекунед , ки аз вакти тахсилро зиёд кардан мактабачахо бо савод мешаванд? Мо инчунин фикр надорем ва ин нодурустат. Ба хотире, ки вактро зиёд кардан вобастаги надорад саводнокии мактабчагон , балки аз устодони пуркувват вобастаги дорад. Аммо барои онеки устодони пуркувват омада дар мактабхо дарс диханд маошашонро зиёд кунед ва имтиёзхое, ки дар даврони шурави доштан яке аз онхоро ба устодон баргардонед ана инро тахкикоти вокеии пажухишгохи шумо гуфтан мумкин мешавад!

мусоев

Шуруъ кардани дарсхо дар мохи сентябр чамъиятро акиб мезанад. Бигузор чун системаи стандарти Чахони боки монад.

хасан

Барои огоз намудани тахсил аз мохи сентябр ва системаи таълимро тамоми академикону олимони шурави тахкик гузаронида тасдик намудаанд. Дар айни замон хар як корманди маорифи мо ба кадом самте хоханд системаи таълимро бурда истодаанд. Окибаташро Худо медонад чи мешуда бошад.

Фохир

Муҳтарам ҷаноби Шарифмурод Исрофилниё ва вазорати маориф оë шумо фикр мекунед бо ин коратон сатҳи дониши мактаббачаҳоро мебардоред беҳтараш сифати дарсҳо ва дарсгузарии муаллимонро ба тартиб дароред.Корҳои саҳро тамомшави надорад аз моҳи март то охирҳои октябр давом мекунад корҳои саҳро бо ин пешниҳодатон баракс дар моҳи август кори саҳро авҷ мегирад.Дар хусуси сифати дарсҳо дар мектабеки ман мехондам ë муаллим намерасид агар бошадҳам ба кору бизнеси худ машғул буд муаллими физика дар банк кор мекард ба ҷои онки ба мо дарс гуяд ба корҳои худ машғул буд,як барои 600 хонанда як муаллимаи дағал будки ба фанҳои химия,биология,экология,ҷугрофия дарс мегуфт фикр кунедки барои 600 талаба як муаллима боз бари 5 фан дарс мегуфт,вақте мегуфтем муаллима ана ин масала ë реаксияи химиявиро ҳамроҳ кор кунем мегуф дилат хондан кашад банди пулро гиру ба колеҷ рав ман бо ин пули ночизи давлат ба ту сарамро дард намедиҳам. Барои колеҷ бошад на ҳама баҷа дорад, ки дохил шавад.Ана ҳамин тавр дар мактабҳо бо мо муомила мешуд,ин 2% аз камбудиҳои мактаби мо ҳоло 98%камбуди дорад, ки баъд менависам агар муроҷиат кунед.Беҳтараш сифати дарсҳоро боло баред ба ҷои ин корҳо
Озоли чоп кунед.

Абдураҳмон

Дар мохи август сар кардани дарс хам ба хонанда душвор асту хам ба муаллим.Мо бояд аз реча берун нашавем.Мана истирохати зимистона ин худ як истирохати бехуда гуем хам хато намекунем.Зеро бачахо аз дарс окиб мемонанд бар замми ин муаллимхо дар таътили Зимистона кор? Ман нафахмидам инро бо ном "Таътили Зимистона"дар асл муаллимхо кор? Ба фикри ман дар мохи август сар кардани дарсхо гайри имкон аст!

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG